Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: Музокироти Фаластину Исроил идома меёбад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, эълом дошт, ки даври навбатии музокироти сулҳ миёни ҳайаҳтои Фаластин ва Исроил баъд аз ду ҳафта дар Ховари Миёна баргузор мешавад. Зимни суханронӣ дар Вошингтон ӯ изҳор намуд, ки ҳадафи музокирот – расидан ба созиш тайи нӯҳ моҳи оянда аст. Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, музокироти рӯзи душанбе миёни ҳайатҳои Фаластину Исроил “мусбат ва созанда” буд.

Аз ин пеш Барак Обама дар Кохи Сафед вазири адлияи Исроил Сипи Ливнӣ ва намояндаи расмии ҳукумати Фаластин Соҳиб Эракотро ба ҳузур пазируфта буд.
Музокироти миёни Исроилу Фаластин соли 2010 баъди он мутаваққиф гардид, ки Исроил ба талаби қатъи шаҳраксозӣ барои яҳудиҳо дар Каронаи бохтарии руди Урдун посухи рад дод.
XS
SM
MD
LG