Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргталабе 8 афсари пулиси Ироқро кушт


Бар асари ҳамлаи як бомбгузори маргталаб дар Ироқ 8 афсари пулис кушта ва 9 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳодиса рӯзи якшанбе дар шаҳри Туз Ҳурмату наздик ба Курдистони Ироқ ба вуқӯъ пайвастааст. Маргталаб мошини бомбгузоришудаашро ба корвони мошини пулис равона кардааст. Танҳо дар моҳи июл дар ҳамлаву бомбгузориҳо дар Ироқ бештар аз 720 нафар ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG