Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бархӯрдҳо дар Миср боз ду нафар ҷон бохтанд


Дар чанд шаҳри Миср рӯзи ҷумъа ҳамоишҳои ҷонибдорон ва мухолифини раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ баргузор шуданд. Ба иттилои расонаҳои давлатӣ, дар бархӯрди миёни онҳо дар шаҳри Искандария ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳазорон тан аз ҷонибдорони Мурсӣ бо даъвати ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” дар канори масҷиди Қоҳира ҷамъ омаданд. Дар майдони Таҳрир онҳое гирди ҳам омаданд, ки аз тасмими низомиён барнори барканории раисиҷумҳури пешин пуштибонӣ мекунанд.

Рӯзи ҷумъа додгоҳи Миср дар мавриди барои 15 шабонарӯз ҳабс кардани Муҳаммад Мурсӣ ҳукм содир намуд. Ин тасмим дар робита ба тафтиши парвандаи созиши ӯ бо гурӯҳи Ҳамос дар мавриди ҳамла ба ба зиндону қароргоҳҳои полис ҳангоми нооромиҳои соли 2011 гирифта шудааст. Баъди барканорӣ аз мақом дар рӯзи 3 июл Муҳаммад Мурсӣ ба ҳабс гирифта шуд ва дар бораи дар куҷо нигаҳ доштани ӯ иттилоъ дода намешавад.
XS
SM
MD
LG