Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бархӯрдҳо дар Миср шаш кас кушта шуданд


Шурӯъ аз шоми рӯзи душанбе теъдоди қурбониёни задухӯрдҳо дар Миср то шаш нафар афзоиш ёфт.

Ба иттилои рӯзномаи давлатии “Ал-Аҳром”, субҳи рӯзи сешанбе дар канори донишгоҳи Қоҳира, ки он ҷо ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ ҷамъ омадаанд, ду нафар ҳадафи тир қарор гирифтанд. Аз ин пеш, шоми душанбе, бар асари ҳамлаи ҷонибдорони Мурсӣ ба мухолифини ӯ, ки дар майдони Таҳрири Қоҳира ҷамъ омадаанд, як кас ҷон бохта буд.

Се нафари дигар шоми душанбе дар бархӯрдҳо дар шаҳри Қалиюб, воқеъ дар шимоли Қоҳира, ба ҳалокат расиданд.

Бархӯрдҳо дар Миср баъд аз он шиддат гирифтанд, ки рӯзи душанбе хонаводаи Мурсӣ дар бораи тасмими аз болои низомиён ба додгоҳ шикоят бурдан хабар дод. Пайвандони Мурсӣ артишро дар рабудани раисиҷумҳури пешин айбдор мекунад ва мегӯянд, ки баъд аз табаддулоти рӯзи 3 июл макони будубоши ӯ барояшон маълум нест.
XS
SM
MD
LG