Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Австралия барои ифшои омилони муҳоҷират ҷоиза медиҳад


Кевин Радд
Кевин Радд
Ҳукумати Австралия барои иттилое, ки ба боздошти афроди машғул ба интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба кишвар мусоидат мекунад, 180 ҳазор доллар ҷоиза эълон кард. Дар ин бора вазири умури дохилии Австралия Ҷейсон Клэр хабар дод.

Изҳороти вазир дар ҳоле пахш шуд, ки ҳукумат ба хотири ҷилавгирӣ аз мавҷи муҳоҷирон сиёсати муҳоҷиратиро шадидтар кардааст. Рӯзи ҷумъа нахуствазир Кевин Радд хабар дод, ки аз ин баъд муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Папуа-Гвинеяи нав кӯчонида мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, онҳое, ки аз роҳҳои баҳрӣ ғайриқонунӣ вориди Австралия мешаванд, ҳаққи дарёфти мақоми паноҳандагиро нахоҳанд дошт. Суханронии ӯ боиси эътирозҳо дар қароргоҳи паноҳандагон дар қаламрави Науру шуд.
XS
SM
MD
LG