Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимов: Нируҳо метавонанд аз ҳар иғво пешгирӣ кунанд


Рамазон Раҳимов
Рамазон Раҳимов
Рамазон Раҳимов-вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе гуфт, ниҳодҳои интизомии икшвар ба саркӯби ҳама гуна иғвоҳо дар давраи интихобот омодаанд.

Моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон интихоботи расёати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Моҳи август бояд рӯзи баргузории интиботро эълон кунанд ва ҳизбҳои сиёсӣ номзадҳои худро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ намоянд.

Оқои Раҳимов гуфт, касе наметавонад инкор кунад, ки дар ҳар ҷомеа доираҳои муайяне ҳастанд, ки омодаанд хориҷ аз чаҳорчӯбаи қонун эътирози худро нишон диҳанд. Имрӯз нируҳои кишвар омодаанд, ки ба ин гуна одамон ва таҳрикоти онҳо ҷавоб диҳанд.

Аз моҳи апрели соли ҷорӣ ҳар шаб нируҳои вазорати дохилаи кишвар ва сохторҳои дигари интизомӣ дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе гаштҳои назоратӣ анҷом медиҳанд. То ҷамъбсти натиҷаҳои интихобот дар моҳи ноябр чунин гаштҳо идома хоҳанд ёфт.
XS
SM
MD
LG