Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти мухолифону тарафдорони Мурсӣ дар Миср


Рӯзи ҷумъа дар саросари Миср тазоҳуроти даҳҳо ҳазор нафар аз тарафдорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи ин кишвар баргузор шуд. Баъзе аз тазоҳургарон талаб доштанд, ки Муҳаммад Мурсӣ дар мақомаш барқарор карда шавад, баъзеи дигар ба ҳимоят аз қарори барканор шудани ӯ садо баланд мекарданд. Дар шаҳри Қоҳира пойтахти Миср ҳазорон нафар баъди намози ҷумъа дар майдон ва назди масҷидҳо ҷамъ омаданд. Артиши Миср рӯзи панҷшанбе ҳушдор дод, ки ҳеҷ гуна беназмиву хушунатро таҳаммул нахоҳад кард ва баъд аз намози пешин, ҳавопаймоҳои ҷангиву чархболҳо дар фазои Қоҳира парвоз мекарданд. Тарафдорони Мурсӣ дар маҳаллаи Наср дар канори шаҳри Қоҳира ҷамъ омада ва шиор медоданд, ки Абдулфаттоҳ ал-Сиси фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ ва вазири муваққати дифоъро сарнагун хоҳанд кард. Маҳз ӯ рӯзи сеюми июл эълон кард, ки Муҳаммад Мурсӣ дигар раиси ҷумҳури Миср нест. Мухолифони Мурсӣ дар майдони Таҳрир ҷамъ омада буданд. Аз мақомаш барканор кардани Мурсӣ, мардуми Мисрро ба ду ҷабҳа тақсим кард ва бисёриҳо нигаронанд, ки мумкин аст, ин ҷудоӣ Мисрро ба нооромӣ бикашад.
XS
SM
MD
LG