Амрико аз Озарбойҷон хостааст, ки “барои беҳбуди фазои сиёсӣ” дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи октябр қадамҳои ҷиддӣ бардорад. Томас Мелиа-муовини ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико барои демократия, ҳуқуқи башар ва кор гуфт, фароҳам овардани фазои боз ва одилонаи интихоботӣ фақат “дар рӯзи интихобот таъмин намешавад, балки дар давоми чанд моҳ” имконпазир аст.
Мелиа ин суханонро 16 июл дар ҷаласаи кумиссиюни Ҳелсинкии Амрико изҳор дошт. Кумиссиюн роҷеъ ба масъалаи Озарбойҷон ҷаласа доир кард ва дар он ҳамроҳ бо мақомоти расмӣ намояндагони мухолифони Озарбойҷон низ ширкат доштанд.
Мелиа гуфт, кореро, ки Озарбойҷон “метавонад пагоҳ” анҷом диҳад, аз ҷумла раҳоии Илгар Маммадов-сиёсатмадори мухолиф, сабти номи созмони назорат бар интихобот бо номи EMDS ва иҷрои ваъда дар бораи даъвати нозирони интихоботӣ аз САҲА мебошад.