Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба паймони назорати тамоку пайваст


Тоҷикистон ба паймони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт оид ба назорати тамоку , ки дар моҳи сентябр ба қувваи иҷро хоҳад даромад, пайваст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ки Тоҷикистон ин паймонро дар соли равон ба тасвиб расонда, он аз 19 сентябри соли 2013 ба ҳукми иҷро хоҳад даромад.

Ҳамин тавр,Тоҷикистон 50-умин узви паймони назорати тамоку шуд. Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 28 январи соли ҷорӣ фармоне содир кард, ки додугирифти маҳсулоти тамоку зери назорат гирифта шавад. Тибқи ин фармон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” фурӯши маҳсулоти тамоку аз 1 апрел дар асоси иҷозатнома ба роҳ монда мешавад. Дастури раисиҷумҳур дар ҳолест, ки оғози соли 2011 дар Тоҷикистон қонуни маҳдуд кардани тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба иҷро даромад, ки барои нақзи муқаррароташ аз 105 сомонӣ то 35 ҳазор сомонӣ ҷарима дорад.
XS
SM
MD
LG