Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозхони эронӣ Сиёвуш Қумайшӣ ба Душанбе меояд


Барои нахустин бор Сиёвуш Қумайшӣ, хонандаи пуровозаи эронии муқими Амрико ба Тоҷикистон меояд. Як манбаъ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки сафари ин хонандаи эронӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби ширкати продюссерии «Марҳабо» ва ширкати мобилии «Тселл» моҳи августи соли равон сурат хоҳад гирифт. Сиёвуш, ки дар Тоҷикистон ҳаводорони зиёде дорад, дар пайи ин сафараш, рӯзи 13-уми август дар маҷмааи Кохи Борбади пойтахт консерт баргузор мекунад. Интизор меравад, дар ин консерт чанд таронаи ахиран таҳияшуда ва оҳангҳои қадимӣ пешкаши тамошобинони тоҷик шаванд. Гуфта мешавад, ки консерти ӯ аз ҷониби шабакаи телевизионии Next1 наворбардорӣ мешавад. Зимнан, баҳори ҳамин сол пойгоҳи интернетии Radiojavan клипи нави Муин ва Сиёвуш Қумайширо бо номи «Парранда» пешкаши бинандагон кард ва ин тарона мавриди истиқболи гарми ҳаводорони мусиқӣ қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG