Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

The Times: Аз Алфано даъват ба истеъфо шудааст


Вазири умури дохилии Италия Анҷело Алфано баъд аз истирдоди ҳамсар ва духтари Мухтор Аблиёзов, сармоядори қазоқ ва рақиби раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев, ба Қазоқистон ҳадафи интиқоди шадид қарор дорад. Ба навиштаи рӯзномаи бритониёвии The Times, аз вазир даъват шудаст, ки ба истеъфо равад. Алма Шалабаева, ҳамсари Мухтор Аблиёзов ва духтари хурдсоли ӯ Алия рӯзи 28 май дар як амалиёти кормандони полиси Италия дар канори шаҳри Рум дастгир ва баъд аз се рӯз ба Қазоқистон истирдод шуданд.

12 июл мақомоти Италия иқрор намуданд, ки истирдод бо иштибоҳҳои зиёд сурат гирифтааст ва аз ин рӯ қарор дар бораи истирдоди Алма Шалабаева ва духтараш Алияро лағв карданд. Аммо вазорати умури хориҷии Қазоқистон дар посух эълом дошт, ки ҳангоми истирдод ягон қонуншиканӣ рӯй надодааст. Ҳамсари Мухтор Аблиёзов, ба гуфтаи мақомоти Қазоқистон, барои он боздошт ва истирдод шудааст, ки дар Италия бо шиносномаи тақаллубии шаҳрванди ҷумҳурии Африқои Марказӣ иқомат мекард.

Айни ҳол Алма Шалабаева ва духтараш Алия дар Алмаато ба сар мебаранд ва бо дастури мақомот, ҳаққи тарки шаҳрро надоранд. Ёдовар мешавем, пайвандони онҳо истирдод аз Румро "муносибати бераҳмонаву шабеҳи одамрабоӣ" ва “талоши дигаре барои берун кардани Мухтор Аблиёзов, қавитарин рақиби раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, аз лонаи пинҳонаш” арзёбӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG