Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Миср дороии 14 нафар исломгароёнро мамнуъ эълон кард


Муҳаммад Бадиъ-раҳбари Ихвонулмуслимини Миср
Додгоҳи иҷтимоии Миср дастур дод, ки дороии 14 нафар узви Ихвонулмуслимин ғайриқобили истифода эълон шавад. Ба ин феҳрист Муҳаммад Бадиъ-раҳбари Ихвонулмуслимин ва муовини вай Хайрат Шотир ва Исом Эриён, аз раҳбарони Ихвонулмуслимин низ дохил мешаванд.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки додситонӣ ба парвандаи раиси ҷумҳури барканоршудаи исломгаро Муҳаммад Мурсӣ расидагӣ анҷом медиҳад. Дар эъломияе, ки рӯзи шанбе додситонӣ ба нашр расонд, иддао мешавад, ки Мурсӣ ҷосусӣ кардааст ва иқтисодро ба нобудӣ овардааст.

Номи Бадиъ ва 7 нафари дигар аз исломгароҳо дар ин эъломия зикр шудааст. Ин шикоят нахустин қадам барои идомаи парвандаи ҷиноӣ бар зидди онҳо дониста мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG