Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар амалиёти поксозии Тюмен 500 муҳоҷири хориҷӣ боздошт шудаанд


Бино ба хабари матбуоти Русия, Хадамоти амнияти вилояти Тюмени Русия барои ифшои нақзи қонун дар қаламрави вилоят амалиёт анҷом додааст. Дар ҷараёни ин амалиёт 500 нафар шаҳрвандони хориҷӣ боздошт шудаанд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ва Озарбойҷону Қирғизистон будаанд.

Бино ба ин хабар, дар миёни ин гурӯҳи боздоштшудагон 2 нафар узви як созмони тундрави мазҳабӣ ошкор шудаанд. Дар ҷои кори онҳо адабиёти экстремистӣ ва 300 симкартаи ширкатҳои телефонии Русия ва маводи дигари мамнуъ мусодира шудааст.
Нируҳои амниятии Тюмен гуфтаанд, ки амалиёти поксозӣ аз муҳоҷирони ғайриқонуниро идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG