Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли ҷорӣ пули муҳоҷирон камтар аз 3 миллиарду 600 млн $ нахоҳад буд


Мақомоти Тоҷикистон хушбинанд, ки соли ҷорӣ низ пулҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ аз Русия камтар аз соли 2012 нахоҳад буд. Фарида Муминова-муовини раиси Маркази мутолеоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, соли гузашта аз муҳоҷирон 3 миллиарду 290 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид шудааст. Пешгӯӣ мекунанд, ки ин маблағ соли ҷорӣ ба 3 миллиарду 600 миллион доллар баробар хоҳад шуд.

Тибқи маълумоти ин марказ, соли 2011 маблағҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ 2 миллиарду 864 миллион доллар ё тақрибан 44 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил додааст.

Ба ин маблағ пули муҳоҷироне, ки дар Қазоқистону Украина ё кишварҳои дигар кор мекунанд, дохил намешавад.
XS
SM
MD
LG