Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малола Юсуфзай дар СММ суханронӣ кард


Малола Юсуфзай, духтараки покистонӣ, дар 16-умин зодрӯзаш дар Маҷмааи ҷавонони СММ дар Ню-Йорк суханронӣ кард. Малола ҳамчун блогнавис ва ҳомии таҳсили духтарон шӯҳрат пайдо кардааст. Моҳи октябри соли гузашта толибон ба ҷони ӯ сӯиқасд карданд ва Малола аз сару гарданаш тир хӯрд. Ӯро барои табобат ба Бритониё интиқол доданд.

Малола аз минбари СММ изҳор намуд, ки Толибон даҳанашро баста наметавонанд. Ӯ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки талошҳоро барои таъмини ҳаққи кудакон ба таҳсил дар мактаб бештар кунанд. Малола Юсуфзай дар назди раҳбарони созмонҳои ҷавонони 85 кишвари олам суханронӣ кард.

Дар ин нишаст Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ва фиристодаи вижаи СММ оид ба масоили маориф, нахуствазири пешини Бритониё Гордон Браун ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG