Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар эътирозҳои Пугачёв миллатгароёни шаҳрҳои дигар ширкат доштанд


Шаҳри Пугачёв
Шаҳри Пугачёв
Дар шаҳри Пугачёви вилояти Саратов боз ду нафари дигар дар робита бо куштори Руслан Маржанови чатрбоз ё десантники пешин боздошт шуданд. Владимир Капкаев-раиси Думаи вилоятии Саратов ба эътирозгарон гуфт, ки дар ҷараёни боздошт ин ду нафар муқовимат нишон додаанд. Ҳоло онҳо чун шоҳиди куштор мавриди бозпурсӣ қарор доранд.

Пештар Алӣ Назарови чечентабор боздошт шуда буд ва вай эътироф кард, ки Маржановро ба қатл расондааст.

Тақрибан 600 нафар эътирозгарон 11 июл тақозо карданд, ки мардумони Қафқоз ва Осиёи Марказӣ аз шаҳри Пугачёв хориҷ карда шаванд. Бо ин дархост тазоҳуркунандагон ононеро дар назар доранд, ки қонунҳои муҳоҷирати Русияро риоят намекунанд.

Бино ба хабарҳо, дар тазоҳуроти эътирозии Пугачёва миллатгароён аз минтақаҳои дигари Русия ширкат кардаанд.

Шоми 5 июл барои духтаре Маржанов ва Назаров дар тарабхонае ба ҳам дарафтоданд ва ин моҷаро сабаби куштори Маржанов шуд.
XS
SM
MD
LG