Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ дар як рӯз 20 нафар кушта шуданд


Дар Ироқ дар ҳамлаҳои ҷудогона ба посбононе, ки лулаи нафтро нигаҳбонӣ мекарданд ва ба азодорон бештар аз 20 нафар кушта шудаанд.

Рӯзи панҷшанбе мардони мусаллаҳ ба посгоҳе дар наздикии шаҳраки Барвона дар 220 километрии шимоли ғарби Бағдод ҳамла бурданд ва 3 нафарро кушта, 4 нафари дигарро захмӣ карданд. Сипас ин афроди мусаллаҳ ба минтақаи дигар рафтанд ва ба посбонони лулаи нафт ҳамла бурданд. Дар ин ҳамла 11 нафари дигар аз посбонон ба қатл расиданд.

Дар ҳамлаи дигар як бамгузори интиҳорӣ дар ҳамон маҳал, вақте ки мошинҳои ёрии таъҷилӣ омаданд, худро тарконд. Дар ин ҳодиса 10 нафар ба ҳалокат расиданд ва 22 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Вақтҳои ахир хушунатҳои мазҳабӣ дар Ироқ афзоиш ёфтааст ва садҳо нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG