Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурҷанадзе: Саакашвилиро ҳабс хоҳам кард


Нино Бурҷанадзе, довталаби мақоми раисиҷумҳури Гурҷистон, мегӯяд, ки дар сурати интихоб шуданаш раисиҷумҳури феълӣ Михаил Саакашвилиро ҳабс хоҳад кард.

Ин изҳороти раиси пешини парлумон ва раҳбари мухолифин рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ дар Тифлис садо дод. Ӯ гуфт, агар дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи октябр пирӯз шавад, алайҳи ҳизби Ҷунбиши миллии Михаил Саакашвилӣ парвандаи ҷиноӣ боз мекунад ва ва афзуд, ки қабл аз ҳам раҳбари ҳизбро равонаи маҳбас мекунад.

Моҳи гузашта нахуствазири Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ ҳам ба хабарнигорон гуфта буд, ки ба ҳасб гирифтани Саакашвилӣ пас аз интихоботи президентиро байид намедонад.

Баъд аз пирӯзии эътилофи “Рӯъёи гурҷӣ” дар интихоботи парлумонии моҳи октябри соли гузашта чанд тан аз ҳампаймонҳои Михаил Саакашвилӣ, аз ҷумла, нахуствазир Вано Мерабашвилӣ, боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG