Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати раиси хадамоти амнияти Зардорӣ дар як таркиш


Бар асари таркише, ки аз сӯи як маргталаб дар шаҳри Қарочии Покистон сурат гирифт, Билол Шайх, раҳбари хадамоти амнияти раисиҷумҳур Осеф Алӣ Зардорӣ ба ҳалокат расид. Ҳамлаи террористӣ замоне сурат гирифт, ки мошини зиреҳпӯши Билол Шайх дар назди як дӯкони мевафурӯшӣ бозистод. Дар ин ҳодиса ронанда ва фурӯшанда ҳам кушта шуданд. Соли гузашта Билол Шайх аз як ҳамлаи террористӣ дар назди манзилаш ҷон ба саломат бурда буд.

Карочӣ аз шаҳрҳои ноороми Покистон маҳсуб мешавад ва он ҷо ҷангҷӯёни “Толибон” ва “Ал-Қоида” пайваста ҳамлаҳои террористӣ анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG