Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санаи интихоботи президентии Гурҷистон дақиқ шуд


Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, тасмими худ дар бораи баргузории интихоботи қабл аз вақти президентиро тағйир дод ва ин маъракаро ба санаи пешин – 27 октябри соли равон гузошт. Дар ин бора раҳбари дафтари раисиҷумҳури Гурҷистон Андро Барнов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим бо назардошти афкори ҷомеъа ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ гирифта шудааст.

Ибтидо хабар дода шуда буд, ки интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳурии Гурҷистон рӯзи 27 октябр баргузор мешавад. Ва аммо баъдан Барнов бо такя ба дастури раисиҷумҳур хабар дод, ки раъйдиҳӣ дар ин маъракаи сиёсӣ рӯзи 31 октябр сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG