Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди терминали фурудгоҳи Душанбе соли 2014 поён меёбад


Ширкати байналмилалии сохтмонии «VINCI» тасмим дорад то охирҳои соли 2014 сохтмони терминал нави фурудгоҳи Душанберо ба анҷом расонад. Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи Душанбе рӯзи 4-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷараёни сохтмони терминали нав ба марҳилаи васлу баст расидааст. Вай гуфт, масоҳати умумии терминал 11 ҳазор метри мураббаро дар бар гирифта, ҳамзамон ба 500 мусофир дар як соат хизматрасонӣ карда хоҳад шуд. Ин терминал тибқи қарордоди миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Фаронса сохта шуда маблағи умуми сохтмон 39 миллион евроро дар бар мегирад, ки 20 миллион аз ин маблағро фурудгоҳи Душанбе ва 19 млнро ҷониби Фаронса пардохт мекунад. Ширкати байналмилалии сохтмонии «VINCI» аз 28 ноябри соли соли 2012 ба сохтмони ин терминал машғул аст ва дар назар аст то охири соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
XS
SM
MD
LG