Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Туркия бунёди сохтмон дар Тақсимро мамнӯъ кард


Рӯзҳои тазоҳурот дар Тақсим
Рӯзҳои тазоҳурот дар Тақсим
Додгоҳи Туркия иҷрои тарҳи сохтмонӣ дар майдони Тақсими Истамбулро мамнуъ эълон кардааст. Ин тарҳ боиси тазоҳуроти эътирозии зиддиҳукуматӣ дар саросари Туркия шуд.

Хабари мазкур рӯзи чаҳоршанбе пахш шуд, вале интизор меравад, ки мақомот бар зидди ин тасмими додгоҳ шикоят баранд. Хабаргузории Ройтерз аз қавли яке аз вакилони мудофеи ин парванда мегӯяд, ки ҳукми додгоҳ дар ин бора дар аввали моҳи июн содир шуда буд, вале маълум нест, ки чаро ин хабар то ҳоло пахш нашудааст.

Нақшаҳои буридани дарахтҳо дар наздикии Gezi Park барои сохтмони биноҳо билофосила эътирози мардумро ба бор овард, зеро ин минтақа яке аз маҳаллоти сарсабзи Истамбул ба шумор меравад.

Бар зидди сохтмон дар майдони Тақсим тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ баргузор шуд ва саросари кишварро фаро гирифт. Ин тазоҳурот чанд ҳафта давом кард. Дар даргириҳо 4 нафар ҷон бохтанд ва тақрибан 7 500 нафар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG