Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бенизомиҳо дар Қоҳира ду нафар ҷон бохтанд


Дар Қоҳира, пойтахти Миср,бархӯрд миёни ҷонибдорон ва мухолифини раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ мунҷар ба ҳалокати ду нафар ва маҷрӯҳ гаштани даҳҳо каси дигар шуд. Бар асари ҳамин гуна низоъ дар шаҳри Мансура 90 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Бенизомӣ дар шаҳри Танта, воқеъ дар соҳили рӯдхонаи Нил, ҳам боиси захмӣ шудани чанд нафар гардид.

Рӯзҳои ахир дар шаҳрҳои Миср эътирозҳо бо талаби истеъфои раисиҷумҳур ва ҳамзамон гирдиҳамоиҳо бо пуштибонӣ аз ӯ идома доранд. Мухолифин мехоҳанд, ки охири ҳафта ҳамоишҳои бузурги зиддиҳукуматиро баргузор кунанд.
XS
SM
MD
LG