Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мусофири тоҷик дар ҳавопаймои Душанбе-Маскав


Субҳи 16 июн як шаҳрванди Тоҷикистон дар дохили ҳавопаймое, ки аз Душанбе ба Маскав парвоз мекард, вафот кардааст. Пулиси нақлиёти ҳавзаи федеролии марказии Русия ба хабаргузории РИА “Новости” гуфтааст, “ин мусофир дар дохили ҳавопаймое, ки соати 8-20 ба вақти Маскав дар фурудгоҳи Внуково пойин шуд, вафот кардааст. Бино ба маълумоти пешакӣ, ӯ дар баданаш маводи мухаддир мебурд.” Ҷузъиёти аз ин бештари марги мармузи мусофири тоҷик дар ҳавопаймои Душанбе-Маскав ҳанӯз дастрас нашудааст.
XS
SM
MD
LG