Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Китобхонаи миллӣ бахши китобхонаи Р. Мусулмониён боз мешавад


Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахши китобхонаи донишманд ва адабиётшинос Раҳими Мусулмониён боз мешавад.

Китобҳои ин донишмандро рӯзҳои ахир фарзандонаш ба хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳадя карданд.

Раҳими Мусулмониён, ки устоди факултаи филологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе буд, дар солҳои 1990-ӯм баъд аз фурӯзон шудани оташи ҷанги дохилӣ ба Эрон муҳоҷират кард ва дар соли 2006 ба Тоҷикистон баргашт. Вай дар Эрон маҷмӯаи рисола ва мақолаҳояшро дар китобе бо номи “Посух” ба нашр расонд.

Раҳими Мусулмониён ҳамчунин муаллифи китоби "Назарияи адабиёт" аст, ки дар факултаҳои филология ва журналистикаи донишгоҳҳои Тоҷикистон китоби таълимӣ ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG