Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази Димишқро ду таркиши маргталабона такон дод


Телевизиони давлатии Сурия хабар дод, ки бар асари ду таркиши маргталабона дар хиёбони Марҷеҳи маркази Димишқ дасти кам ду нафар кушта шуданд. Бар пояи хабарҳо, таркишҳои рӯзи сешанбе дар канори Идораи муҳоҷират ва шиносномаҳо рӯй додаанд. Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, мақараш дар Бритониё, ҳам ин хабарро тайид кард ва аммо гуфт, ки таркишҳо дар хиёбони серодам ба вуқӯъ пайвастанд. Ҳадс зада мешавад, ки шояд теъдоди қурбониёни ҳодиса афзоиш ёбад.

Шабакаи телевизионии давлатии Ал-Ахбория наворе бо мошинҳои зиёди осебдида, хиёбонҳои олудаи хун ва мошинҳои “ёрии таъҷилӣ”-ро, ки маҷрӯҳонро ба бемористон мебурданд, намоиш дод.

Ҳамлаҳои маргталабона, ба вижа, дар канори биноҳои ҳукуматӣ, воқеъ дар пойтахти Сурия, пайваста рӯй медиҳанд.
XS
SM
MD
LG