Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полис эътирозгаронро аз майдони Тақсим берун мекунад


Дар маркази Истамбул кормандони полис тавассути гази ашковар ва мошинҳои обпош эътирозгаронро аз майдони Тақсим берун мекунад. Онҳо ҳамчунин ба барчидани сангарҳои аз сӯи эътирозгарон дар кӯчаву хиёбонҳои атроф сохта шурӯъ карданд. Ширкаткунандагони намоишҳои зидди ҳукумати Туркия сӯи полис шишаҳо бо маводи сӯзанда меандозанд.

Садҳо эътирозгарон беш аз як ҳафта боз шабҳоро дар хаймаҳо дар майдони Тақсим рӯз мекунанд. Рӯзона ҳазорон сокинони Истамбул ба онҳо мепайванданд.

Намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои ҳукумат дар Туркия рӯзи 31 май баъд аз он шурӯъ шуданд, ки полис ҳамоиши донишҷӯёни донишгоҳҳои Истамбул алайҳи буридани дарахтҳо дар боғи фароғатии Ғозӣ ва он ҷо бунёд кардани пойгоҳи низомӣ, масҷид ва маркази бузурги тиҷоратиро пароканда намуд. Эътирозҳо ба шаҳрҳои бузурги Туркия, аз ҷумла, ба пойтахт - шаҳри Анкара печиданд.
XS
SM
MD
LG