Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Исломобод ба зарбаи ҳавопаймои бесарнишин


Мақомоти Покистон зарбаи ахири ҳавопаймои бесарнишини амрикоиро, ки бар асари он 9 нафар ба ҳалокат расиданд, шадидан маҳкум карданд. Рӯзи шанбе кафили сафири ИМА дар Исломобод Ричард Ҳоугланд ба вазорати умури хориҷии Покистон даъват ва ба ӯ нотаи эътирозӣ супурда шуд. Намояндаи вазорати умури хориҷии Покистон ин ҳодисаро "поймолсозии истиқлол ва якпорчагии кишвар" номид ва гуфт, ки дар он афроди бегуноҳ ҷон бохтаанд.

Ба иттилои хадамоти кашфи Покистон, рӯзи ҷумъа ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ба манзили эҳтимолии як фармондеҳи "Толибон" дар Вазиристони Шимолӣ шаш мушак андохт.

Ин нахустин зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ба қаламрави Покистон баъди дар маснади нахуствазир нишастани Муҳаммад Навоз Шариф аст.
XS
SM
MD
LG