Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон боз 4 сарбози хориҷӣ ҷон бохтанд


Рӯзи шанбе бар асари ду ҳамла дар Афғонистон чаҳор сарбози хориҷӣ кушта шуданд.

Намояндаи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон хабар дод, ки дар вилояти Пактико як марди либоси низомии афғон дар тан се сарбози Паймонро ҳадафи тир қарор дод. Дар бораи ҳуввияти кушташудаҳо иттилое нест.

Дар вилояти Фараҳ бошад, бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ як сарбоз аз Италия кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Вазорати дифои Италия хабар дод, ки мошини низомиёни кишвар аз сӯи “душманҳо” тирборон шудааст.

Масъулияти ҳамлаҳоро ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG