Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои Австрия аз баландиҳои Ҷавлон хориҷ мешаванд


Ҳукумати Австрия эълон кард, ки ба сабаби боло рафтани ташаннуҷ нируҳои худро аз баландиҳои Ҷавлон хориҷ мекунад. Дар ин бора нахуствазир Вернер Файман изҳорот пахш кардааст.

Ин дар ҳолест, нируҳои мухолифони Сурия барои муддати кӯтоҳ гузаргоҳи Кунейтрро таҳти тасарруф дароварда буданд ва ин минтақа зери назорати нируҳои Австрия қарор дошт.

Вале нируҳои Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия бо истифода аз тонкҳо нируҳои мухолифонро аз ин минтақа берун рондаанд. Аз нируҳои Автрия, ки дар таркиби нируҳои посдори сулҳ дар Кунейтр мустақар буданд, касе осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG