Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз Бухоро то Самарқанд" рӯи чоп омад


Чунин номгузорӣ шудааст асари тадқиқотии журналист ва муҳаққиқи матбуоти тоҷик Мирзоалӣ Ҷўраев, ки тавассути нашриёти «Кайҳон» ба тозагӣ аз чоп баромад. Дар рисола вазъи аҳолии муқимии Бухорову Самарқанд дар солҳои бистуми асри бист, талошҳо баҳри худогоҳӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, вазъи маорифу фарҳанги онон дар он солҳои тақдирсоз мавриди омўзиш қарор гирифтааст, ки дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ, ба вижа рўзномаи «Овози тоҷик» ба таври васеъ инъикос гардидааст. Китоби мазкур ба доираи васеи хонандагон, донишҷуёну муҳаққиқон ва ҳамаи он нафароне, ки ба сарнавишти миллат ва шаҳрҳои қадимии он майлу раѓбати беандоза доранд, нигаронида шудааст.
XS
SM
MD
LG