Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, Русия ҳанӯз ба Сурия мушакҳои S-300 надодааст


Владимир Путин дар Екатеринбург
Владимир Путин дар Екатеринбург
Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки кишвараш ҳоло ба Сурия мушакҳои дифои зидди ҳавоии S-300надодааст. Вай ин нуктаро рӯзи сешанбе дар мулоқот бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Екатеринбург изҳор дошт:

“Ба ҳар ҳол S-300 яке аз беҳтарин системаҳои дифои зиддиҳавоӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад ва шояд беҳтарин. Албатта, ин силоҳи хеле ҷиддист. Мо намехоҳем тавозун дар минтақаро барҳам занем. Қарордод бо Сурия чанд сол пеш имзо шуд ва ҳоло он иҷро нашудааст”

Путин бори дигар аз фурӯши аслиҳа ба ҳукумати Башор Асад ҳимоят кард ва гуфт, ки он ба муқаррароти байналмиллалӣ мутобиқат мекунад.

Путин аз тасмими Иттиҳодияи Аврупо дар бораи аз миён бардоштани таҳрими аслиҳа ба мухолифони Сурия интиқод кард ва бар зидди мудохилаи низомӣ ҳушдор дод.

Дар мулоқоти Екатеринбурги Русия Ҳерман ван Ромпу-раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо, Хоссе Мануел Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо ва Кетрин Эштон-масъули сисёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ширкат доранд.

Дар ин музокирот масъалаҳои иқтисоди ҷаҳон, энержӣ, масъалаҳои раводид ва вазъ дар Сурия баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG