Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои Сурия як деҳаро мушакборон карданд


Дар Сурия шаби гузашта бар асари мушакборони деҳаи Кфар-Хамра, воқеъ дар канори Ҳалаб, 26 нафар, аз ҷумла, шаш зану ҳашт кудак ба ҳалокати расиданд. Дар ин бора Маркази дифоъ аз ҳуқуқи башари Сурия, воқеъ дар Бритониё, хабар дод. Гуфта мешавад, ки ба деҳа мушакҳои “замин-замин” андохта шудаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ чанд деҳаи воқеъ дар шимоли Ҳалабро муҳосира карда, талоши аз онҳо берун андохтани ошубгаронро доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG