Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бод дигарбора парчами азими Тоҷикистонро пора кард


Tajik national flag ripped due to heavy wind. 02.06.2013
Tajik national flag ripped due to heavy wind. 02.06.2013
Боду борони сахт рӯзи якшанбе парчами баландтарин ва бузурги Тоҷикистонро дигарбора пора кард. Агарчӣ парчами мазкурро ҳар се моҳ бинобар газанди “боду борон” иваз мекунанд, аммо охири моҳи апрел баъди пора шуданаш аз боди сахт, парчами наве болои ин милаи 165 метрӣ афрохта буданд. Рӯзи якшанбе пойтахти Тоҷикистон ва навоҳии атрофи он шоҳиди борони сахт ва боди шадиде шуд, ҳарчанд ин боду борон дер идома накард, вале барои пора шудани парчам кофӣ буд. Парчами миллии Тоҷикистон бо 30 метр дарозӣ ва дар милаи 165 метрӣ баландтарин дар дунё аст ва онро расман рӯзи 9-уми сентябри соли 2011, дар ҷараёни ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон барафрохтанд. Пора шудани парчам ҳар вақт баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бармеангезад ва яке дар бораи харҷи беҳуда менависад, яке дар бораи бесифатии матоъ ва саввумӣ ба ҳоли он механдад. Дар шарҳи акси порашудаи парчам дар яке аз вебсайтҳои тоҷикӣ, як нафар навиштааст, “Дар чунин ҳолат дар баъзе аз кишварҳо, шояд мардум ба ҳоли парчами кишварашон мегиристанд ва навбат меистоданд, то онро дигарбора барафрозанд. Вале мо?”
XS
SM
MD
LG