Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Сарони кишварҳои НАТО соли оянда гирди ҳам меоянд

Сарони кишварҳои узви НАТО соли оянда дар як нишасте масъалаи ихроҷи нерӯҳояшон аз Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард. Дар ин бора Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, баъди мулоқоташ бо Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли ин паймони низомӣ хабар дод. Аммо ҳоло маълум нест, нишасти сарони кишварҳои узви НАТО дар куҷо ва кай баргузор мешавад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва 28 муттаҳидаш дар Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ ҳоло барои ихроҷи нерӯҳояшон аз Афғонистон то охири соли 2014 омодагӣ мегиранд. Барак Обама гуфт, бо Андерс Фог Расмуссен дар бораи иқдомоти баъдӣ сӯҳбат кардааст, то имкон бидиҳанд, ки нерӯҳои афғон аз ӯҳдаи таъмини амният ва ҳифзи марзҳои Афғонистон бароянд ва кишварҳои узви НАТО мутмаин шаванд, ки дар оянда аз Афғонистон ба ҳайси пойгоҳе барои террористон истифода нашавад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

СММ аз афзоиши рекордии паноҳҷӯён хабар дод

Комиссариати олии СММ оид ба паноҳандагон мегӯяд, соли гузашта бо вуҷуди пандемияи COVID-19 ҷангу хушунат, таъқибҳо ва нақзи ҳуқуқи башар тахминан 3 миллион нафарро дар саросари олам аз хонаҳояшон берун кардааст. Дар маҷмӯъ шумори мардуми беҷошуда дар ҷаҳон 82,4 миллион нафарро ташкил медиҳад ва дар муқоиса бо даҳ соли пеш ин омор ду баробар зиёд шудаст.

UNHCR дар гузориши наве бо номи “Тамоюлҳои ҷаҳонӣ” мегӯяд, тахминан 70 дарсади беҷошудаҳо аз 5 кишвар – Сурия, Венесуэла, Афғонистон, Судони Ҷанубӣ ва Мянмар мебошанд. Филиппо Гранди, раиси ин созмон мегӯяд, ки аз замони шурӯи ҳисобу китоби беҷошудаҳо ин омор баландтарин мебошад. Ба гуфтаи ӯ, афзоиши бесобиқа дар ҳолест, ки пандемия ҳукмфармо буду бисёриҳо дару дарвозаҳои кишвару хонаҳои худро баста дар хона монданд. Ба гуфтаи ӯ, 160 кишвари сарҳадҳоро баста, аз ҷумла, паноҳҷӯёну фирориёнро ҳам ба дохил роҳ надоданд.

Баъди Маскав дар минтақаҳои дигари Русия эмкунӣ ҳатмӣ шуд

Марди олуда ба COVID-19 ба беморхона интиқол меёбад. Маскав, 17 июн

Дар минтақаҳои ҳарчи бештари Русия барои сокинони маҳаллӣ гирифтани воксинаи зидди COVID-19-ро ҳатмӣ мекунанд. Рӯзи 17-уми июн мақомоти шаҳри Маскав, пойтахти кишвар ба кормандони бахши хидматрасонӣ ва дигар соҳаҳо гуфтанд, ки дар пешорӯи афзоиши якбораи ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус доштани воксина ҳатмӣ ва зарур аст. Дар се минтақаи иловагии Русия мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки доштани воксинаро аз кормандони бахши тиҷорату савдо, маориф ва ҳифзи саломатӣ ҳатмӣ талаб мекунанд.

Дар Маскав аз ширкатҳо талаб карданд, ки дастикам 60 дарсади кормандонашон ҳатман эм карда шаванд ва дар миёнаҳои моҳи июл ин нишондод санҷида хоҳад шуд. Минтақаҳои дигаре, ки чораҳоро шадидтар кардаанд, Сибир ва Шарқи Дур мебошад. Мунаққидон мегӯянд, ки маҷбур кардани кормандонро барои гирифтани воксина қонунгузорӣ манъ мекунад, вале ширкатҳо бо ҷаримаву муҷозот таҳдид шудаанд. Русия яке аз аввалин кишварҳост, ки барномаи эмкунии аҳолиро ба роҳ монд, вале то ҳол дарсади зиёди сокинони маҳаллӣ дар гирифтани воксина шитоб надоранд ваё ба муассирияти он шубҳа доранд.

Дар Эрон интихоботи раёсатҷумҳурӣ мегузарад

Теҳрон, дар назди як нуқтаи овоздиҳӣ

Субҳи 18-уми июн сокинони Эрон барои интихоби раиси ҷумҳурии нави ин кишвар поин сандуқҳои раъй рафтанд. Бисёриҳо бовар доранд, ки натиҷаи интихоботро аллакай аз роҳи ба шиддат маҳдуд кардани имкони ширкати васеи номзадон маълум кардаанд. Овоздиҳӣ дар ҳоле мегузарад, ки дар ҷомеаи Эрон як афсурдагии умумӣ аз боло будани мизони фақр ва вазъи бади иқтисод эҳсос мешавад, ки мавриди таҳримҳои ИМА ва ҳам таҳти таъсири пандемияи коронавирус қарор дорад.

Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ мардумро ташвиқ кард, ки ба интихобот рафта овоз диҳанд ва телевизиони давлатӣ навбатҳои тӯлонии овоздиҳандагонро дар назди нуқтаҳои раъйдиҳӣ ба намоиш гузошт.

Пешгӯӣ мешавад, ки Иброҳим Раисии 60-сола, сиёсатмадори муҳофизакор ва раиси додгоҳи олии Эрон барандаи интихобот шавад. Президенти амалкунанда Ҳасани Рӯҳонӣ баъди ду дафъа раёсатҷумҳурӣ дигар ҳақи ширкат дар интихоботро надорад. Эҳтимолан раиси Бонки марказии Эрон Абдулносир Ҳимматӣ рақиби аслии Раисӣ дар интихобот мешавад. Ҳимматии 64-сола бештар аз ислоҳталабон намояндагӣ мекунад.

Дар Маскав гирифторӣ ба КОВИД-19 зиёд шудааст

Пойтахти Русия. Моҳи июни соли 2021.

Дар шаҳри Маскав гирифторӣ ба COVID-19 якбора зиёд шудааст. Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфтааст, беморхонаҳо аз гирифторони COVID-19 пур мебошанд. Ба гуфтаи Собянин, панҷ рӯз пеш дар беморхонаҳои Маскав 13 ҳазор кат барои гирифторони вазнини коронавирус омода шуд, аммо ҳолои ҳамаи онҳо пур шудааст.

"Иқтидори беморхонае чун "Коммунарка" дар зарфи ду рӯз "хӯрда мешавад. Он коронавируси навъи чинӣ, ки соли гузашта мубориза бурдем, имрӯз дар Маскав тақрибан нест. Навъи нави он омадааст, ки зудтар паҳн мешавад ва тоқат кардан ба он душвор аст",-гуфтааст шаҳрдори Маскав.

Ба гуфтаи Сергей Собянин, имконияти беморхонаҳо барои қабули гирифторони COVID-19 беохир нест ва онҳо маҷбуранд, ки маҳдудиятҳои сахтарро дар Маскав чорӣ кунанд. Шаҳрдорӣ мушаххасан аз кадом маҳдудияте ном набурда, танҳо гуфтааст, ин чораҳо муваққатӣ ва сахт хоҳанд буд.

Тибқи иттилои Ситоди муқобила бо COVID-19, рӯзи гузашта дар шаҳри Маскав 6195 ҳолати нави сироят ба коронавирус ошкор шудааст.

Русияву Амрико табодули маҳбусонро баррасӣ мекунанд

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия.

Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия дар мусоҳиба бо телевизиони RTVI гуфт, ки баррасии масъалаи табодули эҳтимолии маҳбусон байни Маскав ва Вашингтон шуруъ шудааст.

Владимир Путин, президенти Русия дар нишасти матбуотӣ баъди мулоқот бо президенти ИМА Ҷо Байден дар Женева гуфт, ки ИМА ва Русия дар мавриди табодули маҳбусони ду кишвар - амрикоиҳое, ки дар Русия маҳкум ба зиндон шудаанд ва русҳое, ки дар ИМА зиндонӣ ҳастанд - метавонанд созише ҳосил кунанд.

Мария Захарова дар мусоҳибаи ахир гуфт, баррасии масъалаи табодули эҳтимолии маҳбусон "набояд дар мазҳари ом муҳокима шавад". "Мо шаффофиятро таблиғ мекунем, аммо мавқеҳое ҳам ҳастанд, ки бояд оромӣ риоя шавад", - афзуд Захарова.

Шикоят ба Додгоҳи Гаага: "Тоҷикистон дар саркӯби уйғурҳо ба Чин кумак мекунад"

Яке аз марказҳои нигаҳдории ӯйгурҳо дар Чин.

Гуруҳи уйғурҳо аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ) дархост доранд, ки хабарҳо дар бораи таъқибу саркӯби уйғурҳо ва ақалиятҳои дигари мусулмони Чин аз сӯи Пекинро таҳқиқ кунад.

Чин узви ДБҶ нест ва бинобар ин, ҳоло додгоҳи Гаага наметавонад тафтишотро зидди Пекин оғоз кунад. Вале оғози тафтишот алайҳи кишварҳои ба истилоҳ, "ёрирасон" ба Чин имкон дорад ва дар миёни ин кишварҳо номи Тоҷикистон низ гирифта шудааст.

Вакилони дифои гуруҳи уйғурҳо ба ДБҶ далелҳои наверо пешниҳод кардаанд, ки гӯё ҳамкориҳои ҳукумати Тоҷикистон бо Пекинро дар баргардонидани уйғурҳо ба Чин нишон медиҳад.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишваре нест, ки дар шикоятнома ба ДБҶ номаш гирифта шудааст. Дар он ҳамчунин номи Камбоҷа низ ҳаст, ки гӯё дар боздошт ва истирдоди ғайриқонунии уйғурҳо ба Чин даст дорад.

Хабарҳои нашршуда дар ин замина тасдиқ мекунанд, ки мақомоти Чин беш аз як миллион уйғур ва ҳазорҳо намояндаи ақалиятҳои дигари мусулмонро дар урдугоҳҳои ба истилоҳ, "бозтарбия" дар ҳудуди минтақаи Шинҷон нигаҳ медоранд.

Вале Пекин ин урдугоҳҳоро "марказҳои бозомӯзиии сиёсӣ" номида, мегӯяд, барои мубориза бо ифротгароӣ ташкил шудаанд.

Мақомоти рус гуфтанд, муҳоҷирон бояд воксина бигиранд

Марат Ҳуснуллин, муовини сарвазири Русия

Ширкатҳои сохтмонии Русия барои маблағгузорӣ ва ташкили эмгузаронии муҳоҷирон изҳори омодагӣ кардаанд.

Дар ин бора Марат Ҳуснуллин, муовини сарвазири Русия зимни суҳбат бо шабакаи телевизионии "Русия 24" хабар дод. Ба гуфтаи мақомдори рус, "муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбекистон ва Белорус талабгори кор дар Русия мебошанд. “Мо умедворем, ки онҳо шарти моро оиди гирифтани воксинаи зидди КОВИД-19 мепазиранд."-aфзудааст Ҳуснуллин.

Ҳафтаи гузашта Марат Ҳуснуллин гуфта буд, шароити вуруди муҳоҷироне, ки дар сохтумон кор мекунанд, ба Русия содда ва гирифтани воксина алайҳи коронавирус ҳатмӣ мешавад. Дар пайи ин назар, Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия ва як сиёсатмадори миллатгарову пархошгар гуфт, бояд муҳоҷирон дар ватанҳои худашон эм бигиранд ва баъдан ба Русия сафар кунанд.

Муовини пешини раиси дастгоҳи президенти Қирғизистон боздошт шуд

Алмамбет Салиев.

Муовини пешини раиси дастгоҳи президенти Қирғизистон Алмамбет Салиев бо гумони "ҷамъоварии ғайриқонунии сарват" дастгир шуд.

Бино ба фарзияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, Салиев аз пуштибонии президенти собиқи он кишвар Сооронбек Ҷеенбеков сӯистифода карда, ба кори низоми додгоҳӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои давлатӣ дахолат ва аз "манфиатҳои ширкатҳои хусусӣ бар зарари давлат" ҳимоят мекардааст.

Ҳамчунин Салиев дар давраи фаъолияташ ба ҳайси хидматчии давлатӣ амволеро ҷамъоварӣ карда, ки гӯё бо даромади расмии ӯ созгор нестанд. Ӯ пулҳои худро дар як ширкати сохтмонӣ ва бунёди баландошёнаҳои зист дар Қирғизистон сармоягузорӣ мекардааст.

Алмамбет Салиевро Сооронбой Ҷеенбеков 11 декабри соли 2017 муовини раиси дастгоҳи президенти Қирғизистон таъйин карда буд. Вале ӯ моҳи октябри соли 2020 бо фармони иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аз мақомаш барканор гашт.

Хатмкунандагонро дар Туркманистон аз мактаб ба артиш бурданд

Ишқобод, Туркманистон.

Дар мактабҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон хатмкунандагонеро, ки ба синни 18 расидаанд, аз дохили мактаб мустақиман ба артиш бурданд.

Ба иттилои як манбаъ, рӯзи 15-уми июн дар мактабҳои Ишқобод имтиҳонҳои хатм ба поён расид ва хатмкардаҳоро дар ҳалқаи кормандони пулис мустақиман аз мактаб ба артиш бурданд.

Бархе аз хонандагони дигар, ки тавонистанд, баъди супоридани имтиҳон ба хонаҳояшон раванд, кормандони комисариатҳои ҳарбӣ ба манзилҳояшон рафта, аз волидонашон талаб кардаанд, ки фарзандонашон ба артиш баранд.

Ба иттилои расмӣ, дар Туркманистон ҳамасола наздики 100 ҳазор кас мактабро хатм мекунад.

Довари тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ Токио-2020 ҳакамӣ мекунад

Довари тоҷик Мансур Муҳиддинов (дар байн).

Мансур Муҳиддинов, довари дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи муштзанӣ, мусобиқоти бокс дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ҳакамӣ мекунад. Кумитаи олимпии Тоҷикистон гуфт, ин бори аввал аввал аст, ки як намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ доварӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, Мансур Муҳиддинов аз тарафи гурӯҳи вижаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс ба мусобиқаҳои интихобии олимпии Африқо ва Аврупо даъват шуд. Ӯро дар баробари 36 нафар ба Бозиҳои олимпӣ-2020 даъват карданд. Аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҷуз Мансур Муҳиддинов инчунин намояндагони Русия, Украина, Озарбойҷон ва Қазоқистон барои доварии ин мусобиқот даъват шудаанд.

Мансур Муҳиддинов соли 1977 таваллуд шуда, аз соли 1991 ба бокс машғул мебошад. 10 сол варзишгар, аз ҷумла 5 сол узви дастаи мунтахаби кишвар оид ба бокс буд ва ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ аст.

Аз соли 2001 ба кори мураббигӣ ва доварӣ гузашт. Соли 2010 ситораи дараҷаи 1-и Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскориро (AIBA) гирифт. Пас аз ҳафт сол имтиҳон супорида, ситораи дараҷаи 2 ва соли 2018 ситораи дараҷаи 3 (довари дараҷаи олимпӣ)-ро ба даст овард.

Дар Бишкек ба далели бадшавии вазъи беҳдоштӣ дубора маҳдудият ҷорӣ мешавад

Шаҳри Бишкек.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон шуруъ аз 17-уми июн фаъолияти муассисаҳои дилхушӣ ва тарабхонаҳо маҳдуд мешавад.

Аз шаҳрдории Бишкек гуфтанд, клубҳои шабона, тарабхонаҳо, каҳвахонаҳо ва дигар муассисаҳои дилхушӣ аз соати 23 то 7 субҳ баста мешаванд. Ин маҳдудият то беҳшавии вазъи беҳдоштӣ давом мекунад.

Дар Қирғизистон ҳафтаҳои охир омори гирифторон ба COVID-19 якбора меафзояд. Рӯзи 16 июн дар он кишвар 647 ҳолати нави гирифторӣ сабт шуд. Чунин теъдод аз моҳи июли соли гузашта то ба ин ҷониб сабт нагардида буд.

Вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки дар ин кишвар мавҷи севуми вабои коронавирус идома дорад. Мавҷи дувумро Қирғизистон тирамоҳи соли 2020 пушти сар карда буд. Ба иттилои мақомоти он кишвар, мавҷи аввали вабои коронавирус моҳи июли соли 2020 ба анҷом расида буд.

Дар тамоми муддати вабои коронавирус дар Қирғизистон 111 990 ҳолати гирифторӣ ва 1912 ҳолати марг аз ин вабо сабт шудааст.

Вазири энержии Қирғизистон пешниҳоди фурӯши об ба ҳамсояҳоро шарҳ дод

Нерӯгоҳи "Тоқтогул" дар вилояти Ӯш.

Вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон Доскул Бекмурзоев дар суҳбат бо рӯзноманигорон пешниҳоди фурӯши об ба ҳамсоякишварҳоро шарҳ дод.

Бекмурзоев 16 июн дар ҷараёни сафари корӣ ё худ пресс-тур ба неругоҳҳои Тоқтогул ва Қамбарато гуфт, ки Қирғизистон бо Қазоқистону Узбекистон дар мавриди табодули нерӯи барқ ба созиш расидаанд.

"Мо аз 1 июн то 1 сентябр барқро бармегардонем. Табиист, ки дар ин давра истеҳсоли нерӯи барқ ва партофтани об афзоиш меёбад. Бинобар ин, хоҳиш мекунем, аз айбдоркуниҳо дар фурӯши об худдорӣ кунед. Энергетикҳо ҳечгоҳ обро нафурӯхтаанд ва нахоҳанд фурӯхт", - изҳор дошт вазири энержии Қирғизистон.

Ӯ дар посух ба суоли рӯзноманигорон, ки оё дар зимистони оянда интиқоли нерӯи барқ ба сокинони ин кишвар маҳдуд мешавад, ё не, гуфт, "Худо хоҳад, намешавад".

Дар ғарби Қазоқистон як сарбоз худро парронд

Артиши Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Урали Қазоқистон як сарбоз аз захми тире фавтид, ки ба эҳтимоли зиёд худ ба сараш холӣ карда буд.

Жанибек Сарсенов, як масъули қисми низомие, ки ҳодисаи мазкур онҷо рух дод, гуфт, сарбоз худро субҳи 16-уми июн захмӣ кардааст. "Ӯро ба беморхона бурдем, аммо наҷот додан имкон нашуд", - гуфт Сарсенов.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар Қазоқистон маргу мири сарбозон ҳодисаи нодир нест. Моҳи майи соли ҷорӣ як сарбози дигар дар вилояти Ҷамбил фавтид. Мақомоти вазорати мудофиаи Қазоқистон гуфтанд, вай худро аз ошёнаи чаҳорум ба замин партофтааст.

Сокинони Қазоқистон мегӯянд, дар артиши ин кишвар сарбозозорӣ ҷой дорад.

Ҷо Байден гуфт, ҳар чизе мехост, бо Путин дар миён гузошт

Ҷо Байден дар Женева

Ҷо Байден, президенти ИМА дар нишасти матбуотии худ гуфт, ки бо Путин мавзуи Афғонистон, Украина, Беларус ва ҳуқуқи башарро баҳс кардааст.

Владимир Путин, президенти Русия ва Ҷо Байден, президенти ИМА рӯзи 16-уми июн зиёда аз се соат суҳбат карданд, вале ҷонибҳо дар алоҳидагӣ нишасти матуботӣ баргузор намуданд.

“Ман ва президент Путин масъулияти бузург дорем. Мо ихтилофҳо дорем, аммо мо бояд муносибати устувор дошта бошем.”, - таъкид кард ӯ. "Ман ба Путин гуфтам, ки вазифаи ман на зарар расонидан ба Русия, балки ҳимояи мардуми Амрико аст." Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи Байден, ӯ дар бораи Алексей Навалний ва шаҳрвандони Амрико, ки дар зиндонҳои Русия ҳастанд, суҳбат карда, изҳор доштааст, ки аз ҳаққи онҳо ҳимоят мекунад.

"Ман ба ӯ гуфтам, ки чӣ тавр ҳамчун президенти ИМА дар баробари нақзи ҳуқуқи инсон хомӯш бимонам?”,--гуфт ӯ.

Инчунин, Байден гуфт, ки бо Путин масъалаи ҳамлаи киберӣ ба ширкатҳои амрикоӣ ва ҳамчунин дар бораи Беларус, Украина ва Афғонистон низ суҳбат карданд.

"Русия низ ба Афғонистони бидуни террористҳо манфиатдор аст”,--гуфт ӯ.

"Ман он чизеро кардам, ки бояд мекардам. Аввалан соҳаҳое, ки мо метавонем дар он ҳамкорӣ кунем, муайян кардам. Дуюм масъала шахсан вохӯрдан буд. Сеюм ин буд, ки мавқеи худро равшан кунам. Ман бо чизе розӣ набудам, гуфтам. Ӯ ҳам бо чизе розӣ набуд гуфт”,--зикр кард Байден.

Мулоқоти нахустини раиси ҷумҳуриҳои ИМА ва Русия – Ҷо Байден ва Владимир Путин дар Женева дар ҳоле баргузор шуд, ки равобити ин ду кишвар аз замони Ҷанги сард дар поинтарин сатҳ қарор дошта, моҳе пеш Байден дар як мусоҳибааш гуфт, бовар дорад, ки ҳамкори русаш як “қотил” аст. Мулоқоти ҷонибҳо зиёда аз се соат давом кард, ки беш аз ду соаташ суҳбати рӯ ба рӯ буд.

Путин мулоқот бо Байденро "созанда" номид

Ҷо Байден, президенти ИМА ва Владимир Путин, президенти Русия

Владимир Путин, президенти Русия дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар мулоқот бо Ҷо Байден, президенти ИМА масъалаи кори сафирони ду кишвар дар Вашингтон ва Маскав ҳал шудааст.

Дар шаҳри Женеваи Шветсария ду президент беш аз 90 дақиқа бо ҳам суҳбат карданд.

Ду кишвар бо ҳам танишҳои дипломатӣ доштанд ва сафирони худро бозпас хонда буданд. Путин гуфт, ин “масъала ҳал шуд.”

Пас аз ҳодисаи заҳролудсозии Алексей Навалний, мухолифи ҳукумати Русия ва ошкор шудани ҳолатҳои даст доштани Русия дар таркиши анбори силоҳ дар Чехия ИМА нисбат ба Русия таҳрим эълон кард. Дар навбати худ Русия Амрикоро ба рӯйхати кишварҳое ворид кард, ки “дӯсти ин кишвар нестанд”.

“Мо бо ӯ чашм ба чашм ду соат суҳбат кардем. На бо ҳама раҳбарон чунин мулоқот кардаем. Дар мулоқот фазои душманӣ набуд. Вохӯрӣ ба таври принсипӣ сурат гирифт, мавқеъҳои мо ба ҳам мувофиқат намекунад, аммо мулоқот хеле созанда буд,”-- гуфт Владимир Путин.

Путин тасдиқ кард, ки ду раҳбар масъалаи Украина, Навалний ва ҳуқуқи инсонро низ баҳс кардаанд.

Путин гуфт, ки президенти ИМА ӯро ба Қасри Сафед даъват накард ва ӯ низ аз Байден нахост, ки ба Русия сафар намояд.

Ӯ ҳамчунин Фонди мубориза бо фасоди Навалнийро “ташкилоти экстремистӣ” ном бурд.

"Ин созмон ошкоро ба бетартибиҳои оммавӣ даъват кард, ба ин ноболиғонро ҷалб намуд, ки дар Русия манъ аст, тарзи таҳияи “Коктейл Молотова”-ро пешниҳод кард ва маълумоти шахсии кормандони пулисро паҳн кард.”,--гуфт Путин.

Пас аз ин Путин аз эътирозҳои оммавии рухдода дар ИМА, ки пас аз марги Ҷорҷ Флойид, як африқоитабори амрикоӣ, ки ҳангоми боздошти пулис фавтид, ёд кард. Ӯ гуфт: “Мо намехоҳем, ки дар кишвари мо чунин рух диҳад ва ҳама корро мекунем, то ба ин роҳ надиҳем”.

Дар ибтидо мулоқоти ҷонибҳо дар як доираи маҳдуд, бо иштироки Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико баргузор шуд.

Суҳбатҳои ду президент дар Вилла де ла Гранжеи шаҳри Женеваи Шветсария рӯзи 16-уми июн баргузор шуд.

Мулоқоти рӯ ба рӯи Байдену Путин 90 дақиқа идома кард

Женева, Вилла де ла Гранже

Мулоқоти нахустини раиси ҷумҳуриҳои ИМА ва Русия – Ҷо Байден ва Владимир Путин дар Женева дар ҳоле баргузор мешавад, ки равобити ин ду кишвар аз замони Ҷанги сард дар поинтарин сатҳ қарор дошта, моҳе пеш Байден дар як мусоҳибааш гуфт, бовар дорад, ки ҳамкори русаш як қотил аст.

Бахши аввали сӯҳбатҳои ду президент, ки дар Вилла де ла Гранжеи шаҳри Женева баргузор шуд, 90 дақиқа тӯл кашид. Дар ин нишаст инчунин котиби давлатӣ Энтони Блинкен ва вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ба шумули тарҷумонҳо иштирок карданд. Байден гуфт, ба мулоқоте меравад, ки онро як сӯҳбати “ду қудрат” номид ва гуфт, ки “ҳамеша беҳтар аст, ки рӯ ба рӯ сӯҳбат кунем”. Путин дар навбати худ гуфт, умедвор аст, ки ин мулоқот “бомаҳсул” мешавад.

Баъди ин мулоқот қарор аст ду ҷаласаи дигаре барпо шавад, ки дар он инчунин дигар намояндагони ҳукуматҳо иштирок хоҳанд кард.

Аз ҷониби ИМА дар ҷаласати васеъ қарор аст Блинкен, инчунин мушовири амнияти миллӣ Ҷейк Салливан, муовини котиби давлатӣ дар умури сиёсӣ Виктория Нуланд, сафири ИМА дар Русия Ҷон Салливан ва ду мутахассиси Русия аз Шӯрои амнияти миллӣ – Эрик Грин ва Стергос Калоудис иштирок кунанд.

Аз ҷониби Русия дар ҷаласаи васеъ Лавров, мушовири умури сиёсии президент Юрий Ушаков, муовини вазири хориҷӣ Сергей Рябков, раиси ситоди кулли артиши Русия генерал Валерий Герасимов, сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов, фиристодаҳои Кремлин дар Украинаву Сурия ва сухангӯ Дмитрий Песков ҳузур хоҳанд дошт.

Ин мулоқот дар шароите барпо мешавад, ки Путин ҳамоно тамоми қудратро дар Русия дар дасти худ нигаҳ дошта, созмонҳои ҷамъиятиро буғӣ мекунаду мухолифони мисли Алексей Навалнийро ба зиндон андохтааст.

Як сухангӯи Байден гуфт, ки Кохи Сафед “на дар андешаи азсаргирии робитаҳо ва на дар фикри шиддат бахшидани онҳо мебошад”. Айни замон, Байден дар қиёс бо президенти пешин Доналд Трамп аз мавзеъгирии шадидтар кор мегирад. Аз замони сари кор омаданаш то кунун Байден аллакай ба Русия ду дафъа таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ кард. Дар ҳамин ҳол, ӯ розӣ шуд, ки созишномаи боздорандаи силоҳ бо ИМА тамдид шавад ва ҳам барои бунёди лӯлаи гази “Северный поток-2” монеъ нашуд.

Барои Путин ин мулоқот аз қабили гуфтугӯҳо бо “қудратҳои ҷаҳонӣ” буда, давраҳои шӯравиро ба ёд меорад, ки раҳбари СССР бо раҳбари ИМА ба мулоқоте мерафт, ки аҳамияти ҷаҳонӣ касб мекард.

Дар миёни масоили мавриди баррасӣ назорати силоҳ, ҳамлаҳои рахнагарон, ҷосусӣ, тағйироти иқлим ва муқобила бо COVID-19 мебошад.

Шурӯи мулоқоти нахустини президентони ИМА ва Русия дар Женева

Женева, мулоқоти Ҷо Байден ва Владимир Путин шурӯъ шуд

Дар шароите, ки равобити ИМА ва Русия дар поинтарин сатҳ аз замони Ҷанги Сард қарор дорад, президентони ду кишвар аввалин мулоқоти худро барпо мекунанд. Як моҳ пеш аз ин Ҷо Байден гуфт, ки бовар дорад Владимир Путин “як қотил” аст.

Мулоқоти рӯзи 16-уми июн дар беруни Вилла де ла Гранже бо истиқболи президенти Швейсария Гай Пармелин шурӯъ шуд ва ӯ ба ҳарду нафар “як гуфтугӯи пурсамаре” таманно намуд. Ҳарду президент баъди ин дасти ҳамро фишурда барои муколама ба дарун даромаданд. Дар аввалин мулоқоти ду раҳбар онҳоро котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ва вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ба иловаи тарҷумонҳо ҳамроҳӣ мекунанд. Дар қисми баъдии сӯҳбатҳо ба онҳо мушовирону дигар мақомот ҳамроҳ мешаванд.

Ин мулоқот дар шароите барпо мешавад, ки Путин ҳамоно тамоми қудратро дар Русия дар дасти худ нигаҳ дошта, созмонҳои ҷамъиятиро буғӣ мекунаду мухолифони мисли Алексей Навалнийро ба зиндон андохтааст.

Як сухангӯи Байден гуфт, ки Кохи Сафед “на дар андешаи азсаргирии робитаҳо ва на дар фикри шиддат бахшидани онҳо мебошад”. Айни замон, Байден дар қиёс бо президенти пешин Доналд Трамп аз мавзеъгирии шадидтар кор мегирад. Аз замони сари кор омаданаш то кунун Байден аллакай ба Русия ду дафъа таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ кард. Дар ҳамин ҳол, ӯ розӣ шуд, ки созишномаи боздорандаи силоҳ бо ИМА тамдид шавад ва ҳам барои бунёди лӯлаи гази “Северный поток-2” монеъ нашуд.

Барои Путин ин мулоқот аз қабили гуфтугӯҳо бо “қудратҳои ҷаҳонӣ” буда, давраҳои шӯравиро ба ёд меорад, ки раҳбари СССР бо раҳбари ИМА ба мулоқоте мерафт, ки аҳамияти ҷаҳонӣ касб мекард.

Дар миёни масоили мавриди баррасӣ назорати силоҳ, ҳамлаҳои рахнагарон, ҷосусӣ, тағйироти иқлим ва муқобила бо COVID-19 мебошад.

Украина як зану ҳафт фарзандашро аз қароргоҳи Рож баргардонид

Аминаву ҳафт фарзандашро ба Украина баргардониданд

Ҳукумати Украина як занеро бо ҳафт фарзандаш аз Сурия ба ватан баргардонид. Дар ин бора рӯзи 16-уми июн як хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз марзи Сурияву Ироқ хабар дод. Мақомот гуфтанд, ки амалиёти мазкурро ҳукумати Киев бо ёрии мақомоти минтақаи нимамухтори Курдистони Ироқ созмон додааст. Ин оила аз соли 2019 дар қароргоҳи Рожи шимолушарқи Сурия дар боздошт буд. Зан, ки худро дар сӯҳбат бо РАО/РО бо исми Амина муаррифӣ кард, дар гузашта сокини Қрим буд ва баъди ишғоли ғайриқонунии нимҷазира аз ҷониби Русия моҳҳои феврал-марти соли 2014 ин минтақаро тарк кард. Пеш аз сафар ба Сурия ин зан дар шаҳри Лвов зиндагӣ кардааст. Амина гуфт, “аз ҳукумати Украина бисёр миннатдорам, ки моро фаромӯш накард ва ба ватан баргардонид”.

Мақомот гуфтанд, ки санадҳои Аминаву фарзандонашро барқарор мекунанд.

Вадим Скибитский, сухангӯи сарраёсати иттилооти Вазорати дифои Украина гуфт, “муҳим аст, ки ин зану кӯдаконаш ба ҳаёти маъмулӣ баргарданд”.

Аз моҳи декабри соли 2020 ба ин сӯ ин бори дуюм аст, ки ҳукумати Украина шаҳрвандонашро аз манотиқи собиқ зери назари гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” бармегардонад. Бори аввал ду зани украиниву ҳафт фарзандашон баъди он ки тафтиш даст надоштани онҳоро ба “фаъолитяҳои террористӣ” собит кард, ба Украина баргардонид.

Қаблан созмони Human Rights Watch аз ҳукумати Украина тақозо кард, ки дар бозгардони тахминан 40 зан ва кӯдаки украинӣ, ки ба навиштааш, дар Рож ва Ал-Ҳол дар шароити “даҳшатнок” ва “ғайриқонунӣ” нигоҳ дошта мешаванд, иқдом кунад. Хурдтарини кӯдакон дусола будааст.

Ин занон бахше аз 43 ҳазор хориҷиҳое мебошанд, ки бо иттиҳоми доштани иртибот бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз ҷониби мақомоти минтақавӣ боздошт шудаанд.

Бисёр ҳукуматҳое, ки шаҳрвандонашон дар ин қароргоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд, мегӯянд, ки бозгардони онҳо ба ватан хатарҳои амниятӣ дорад.

Яке аз ин кишварҳо Тоҷикистон аст, ки ҳанӯз барои баргардонидани занону кӯдакон аз ин урудгоҳҳо шитоб намекунад.

Журналисти беларус барандаи ҷоизаи озодии матбуот шуд

19 маи соли 2021. Катерина Борисевич баъди озод шудан аз зиндон дар Комаровка

Кумитаи дифоъ аз журналистон гуфт, ки соли 2021 журналисти беларус Катерина Борисевич яке аз чор барандаи ҷоизаи “ҷасорат”-и ин ниҳод мешавад. Созмони воқеъ дар Ню-Йорк рӯзи 15-уми июн гуфт, ки Борисевич ва се журналисти дигар аз Гватемала, Мозамбик ва Мянмар барои гузоришдиҳиашон дар “шароити ноустувори сиёсӣ, пӯшиши хабарии эътирозҳо ва таҳаввулоти кишварҳояшон” қадрдонӣ мешаванд. Борисевич журналисти расонаи маъруфи Tut.by аст, ки то ҳол чандин кормандаш барои пӯшиши хабарии эътирозҳои пасоинтихоботии зидди раҳбари худкома Александр Лукашенко боздошту азият шудаанд. Ӯ барои гузоришҳояш дар бораи марги эътирозгар Роман Бондаренко шаш моҳро дар зиндон пуштисар кард.

Дар гузоришҳои Борисевич зидду нақизиҳои маълумоти расмӣ ва воқеии сабабҳои марги ин сокини Беларус бо ҷузъиёташ зикр шудааст. Мақомот гуфтаанд, ки ӯ ҳангоми марг маст буд, вале сабаби воқеии марги Роман Бондаренко шиканҷаву латукӯб номида шудааст. Ҷоизаҳои журналистон моҳи ноябр дар як маросим тақдим мешаванд.

Ҳукумати Байден ҷонибдори ҳукми қатли Ҷавҳар Тсарнаев аст

Ҷавҳар Тсарнаев барои нақшаш дар таркиши марафони Бостон дар соли 2015 ба ҳукми марг маҳкум шудааст

Маъмурияти президент Ҷо Байден аз Додгоҳи олии ИМА тақозо дорад, ки ҳукми марги бомбгузори марафони Бостон Ҷавҳар Тсарнаев нигаҳ дошта шавад. Ҳуқуқшиносони вазорати адлия дар матни санадҳое, ки ҳафтаи гузашта ба додгоҳ ирсол кардаанд, мегӯянд, қазияи Тсарнаев яке аз парвандаҳои бисёр муҳими марбут ба терроризм дар таърихи ИМА мебошад. Онҳо даъво доранд, ки қарори додгоҳи зинаи поёнӣ, ки ҳукми марги Тсарнаеви 27-соларо бо ҳукми додгоҳи тӯлонӣ иваз кард, хато буд.

Тсарнаев як ҷавони чечентабор аст, ки дар Қирғизистон таваллуд шуда, соли 2015 дар куштори се ва маҷрӯҳ шудани садҳо ширкатдори марафони Бостон дар соли 2013 гунаҳгор дониста шуд. Баъди чанд рӯзи бомбгузории марафон бародари ӯ Тамерлан Тсарнаев дар як задухӯрд бо полис кушта шуд.

Тими дифоӣ эътироф кард, ки ин ду бародар масъули бомбгузории марафон буданд, дар ҳоле, ки Тамерлан ба ҳайси иҷрокунандаи ифротишудаи ин ҷиноят буда, Ҷавҳар бародари хурдии таҳти таъсири эҳсосот монда қаламдод шудааст. Вале додситонҳо гуфтанд, ки гуноҳи Ҷавҳар камтар нест ва ӯ ИМА-ро барои ҷангҳое, ки дар кишварҳои мусалмонӣ пеш мебурд, ҷазо додан мехост.

Додгоҳи олии ИМА моҳи март розӣ шуд, ки бозбинии парвандаи Тсарнаевро, ки ҳанӯз замони президенти пешин Доналд Трамп шурӯъ шуда буд, пеш барад.

Ҳукми додгоҳ барои Байден, ки гуфтааст, мухолифи иҷрои ҳукмҳои қатл мебошад, баҳсбарангез хоҳад шуд. Эндрю Бейтс, сухангӯи Кохи Сафед ба “соҳибихтиёрӣ"-и вазорати адлия дар арзёбии ҳукми қатл ишора кард. Вале Бейтс гуфт, ки президент “бовар дорад, ки вазорати адлия бояд ба таҷрибаи пешинаи иҷро накардани ҳукмҳои марг баргардад”.

Дар Узбекистон ширкатдорони анҷумани ҳизби "Эрк"-ро ба бозпурсӣ даъват карданд

Логои Ҳизби сиёсии "Эрк".

Ширкатдорони анҷумани ҳизби сиёсии "Эрк" ё "Ирода"-ро дар Узбекистон ба бозпурсӣ даъват карданд. Анҷумани ҳизб дар манзили овозхон Ҷаҳонгир Отаҷонов дар шаҳри Тошканд сурат гирифт. Ширкатдорони анҷуман рӯзи 15 июн бозпурсӣ шуданд.

Абдусалом Эргашев, яке аз фаъолони ҳизби "Эрк" гуфт, ӯро дар доираи парвандаи ҷанҷол дар манзили Отаҷонов ба бозпурсӣ даъват, аммо асосан дар бораи фаъолияти ҳизб бозпурсӣ кардаанд.

Рӯзи 26 майи соли ҷорӣ дар манзили Отаҷонов дар шаҳри Тошканд анҷумани ҳизби "Эрк" баргузор ва Ҷаҳонгир Отаҷонов ба ҳайси номзад дар интихоботи президентии Узбекистон пешбарӣ шуд.

Отаҷонов низ рӯзи 13 июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки ӯро низ ба бозпурсӣ даъват ва 4 соат бозпурсӣ кардаанд.

Отаҷонов ҳамчунин навишт, ки ӯро таъқиб ва телефонашро гӯш мекунанд. Овозхони ҳамакнун пешин мегӯяд, амволашро ба ҳабс гирифтаанд. Вай ҳамаи ин таъқибҳоро ба эъломи ширкат дар интихоботи президентӣ рабт медиҳад.

Рӯзе ки дар манзили Отаҷонов анҷуман баргузор мешуд, гуруҳе аз занону мардон вориди манзили вай шуда, ҷанҷол роҳандозӣ карданд.

Дар назар аст интихоботи президентӣ дар Узбекистон рӯзи 24 октябр баргузор шавад. Бино ба қонунгузории он кишвар, танҳо ҳизбҳои сиёсӣ ҳаққи пешбарии номзадро доранд.

Таҷаммуи сокинони норозӣ дар назди Додгоҳи олии Қазоқистон

Назди Додгоҳи олии Қазоқистон. 16 июн, 2021.

Як гуруҳи сокинони Қазоқистон, ки аз ҳукми додгоҳҳо норозӣ ҳастанд, шаби гузаштаро дар назди бинои Додгоҳи олии он кишвар дар шаҳри Нурсултон рӯз карданд.

Ин гуруҳи шаҳрвандони Қазоқистон (25 кас), ки аз навоҳии гуногун бо талаби бекор кардани "қарорҳои ноодилонаи додгоҳӣ" ба пойтахт рафтаанд, мегӯянд, то раиси Додгоҳи олии он кишвар Жакип Асанов онҳоро ба ҳузур напазирад, пароканда нахоҳанд шуд.

"Мо аз соати 11-и субҳи сешанбе инҷоем. Бигузор, Асанов моро қабул кунад. Мо шабро инҷо рӯз кардем", - гуфт сокини норозии Қазоқистон Мадина Кукетаева.

Ба гуфтаи ӯ, дар миёни онҳо сокиноне низ ҳастанд, ки бо талаби лағви қарорҳои додгоҳӣ аз шаҳрҳои Алмато, Қарағанда, Чимкент, Атирау, Оқтеппа ва Урал ба пойтахти Қазоқистон рафтаанд.

​Шикояти таҷаммуъкунандагон дар назди Додгоҳи олии Қазоқистон гуногун аст. Онҳо талаб доранд, ки парвандаҳои марбут ба наздиконашон дубора баррасӣ ва ҳукми додгоҳҳо бозбинӣ шавад.

HRW аз Ереван хост, ки раҳбари язидиҳоро аз пайгарди ҷиноӣ озод кунад

Фаъолони ҷамъиятии язидиҳои Арманистон - Борис Мурази (аз чап) ва Сашик Султониён (аз рост). Акс аз соли 2014

Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch (HRW) аз мақомоти Арманистон тақозо кард, ки иттиҳоми “барангехтани адовати миллӣ”-ро аз парвандаи фаъоли язидиҳо Сашик Султониён бардоранд. Дар изҳороти рӯзи 16-уми июни HRW омадааст, ки иттиҳомоти зидди Султониён “қассосгирӣ” барои як мусоҳибааш дар бораи мушкилоти ҷомеаи язидӣ дар Арманистон мебошад. Язидиҳо, ки аксарашон бо як навъ лаҳҷаи курдӣ сӯҳбат мекунанд, дини худро доранд, ки аз омехтаҳои намунаҳои суннатҳои мазҳабии масеҳиён, зардуштиён ва мусалмонон мебошад.

Гиорги Гогиа, як намояндаи бахши Аврупову Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch гуфт, ки назари Султониён метавонад барои бисёр сокинони Арманистон нохушоянд бошад, вале гуфтаҳои ӯ ба чаҳорчӯби суханроние дар доираи қонун мутобиқат мекунад. Ӯ гуфт, ки мақомоти Арманистон бояд билофосила Султониёнро аз ин иттиҳомҳо раҳо кунанд ва бигузоранд, ки фаъолиятҳои худро дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи инсон идома диҳад.

Султониён раҳбари Маркази язидӣ барои ҳуқуқи инсон аст, ки аз соли 2018 дар самти боло бурдани сатҳи огаҳии мардум дар масоили мубориза бо коррупсия кор мекунад. Дар мусоҳибае, ки октябри соли 2020 нашр шуд, Султониён гуфт, ки язидиҳӣ дар Арманистон бо табъйиз рӯбарӯ ҳастанд, ба забони худ таҳсил карда наметавонанд ва ҳам дар корбурди забону фарҳангашон ҳам мушкил доранд.

Дар Арманистон тахминан 40 ҳазор язидӣ ба сар мебарад, шумори умумии намояндагони ин халқ дар Ховари Миёна ба 1,5 миллион нафар мерасад.

Барандаи ТВ Беларус "ба ҷои амн" фирор кард

Валерина Кустова

Як барандаи телевизион ва шоираи беларусӣ Валерина Кустова баъди он ки ӯро дар ду ҳолати нақзи Кодекси ҷиноӣ гунаҳгор карданд, аз кишвар фирор кард. Кустова яке дигар аз нафароне мебошад, ки барои интиқодаш аз интихоботи президентии Беларус ва саркӯбҳои идомаёбандаи ширкатдорони эътирозҳо мавриди ҳадаф қарор мегирад. Кустова рӯзи 15 феврал дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт, ки ӯву духтари дусолааш “ҳоло дар макони амн” ҳастанд.

Кустова чанде пеш хабар дод, ки полис хонаи ӯро кофтукоб карда дарҳояшро баст, аз ин рӯ дигар ба хонааш ворид шуда наметавонист.

Пирӯзии раҳбари худкома Александр Лукашенко дар интихоботи августи порсол мояи эътирози даҳҳо ҳазор сокини Беларус шуд. Талаби онҳо истеъфои Лукашенко ва даъвати интихоботи нав аст, чун бовар доранд, ки натиҷаҳо тақаллуб шуд. Мақомот ба ин талабот бо саркӯбу ҳабсу шиканҷа посух доданд.

Муҳсин Меҳрализода аз ширкат дар интихоботи Эрон даст кашид

Муҳсин Меҳрализода яке аз ду номзади ислоҳталабон аст, ки барои ширкат дар интихобот роҳ дода шуд

Як номзади ислоҳотхоҳи эронӣ, ки нахуст хост дар интихоботи президентии 18-уми июн ширкат кунад, аз рақобат даст кашид. Матбуоти Эрон хабар дод, ки Муҳсин Меҳрализодаи 64-сола, собиқ муовини президенти Эрон дар охирин рӯзи таблиғоти интихоботӣ номзадиашро пас кашид.

Меҳрализода яке аз ду ислоҳталабон буд, ки барои ширкат дар маъракаи интихоботӣ иҷоза гирифт. Ҳанӯз маълум нест, ки чаро Меҳрализода фикрашро дигар кард.

Қарор аст президенти амалкунанда Ҳасани Рӯҳонӣ бо ҳамин давраи дуюми раёсатҷумҳуриашро дар ин кишвар ба анҷом расонад. Ҳамакнун дар интихоботи Эрон шаш номзад рақобат мекунанд ва аксарият бовар доранд, ки дар асл як намояндаи муҳофизакорон - раҳбари додгоҳи олии Эрон Иброҳими Раисӣ баранда хоҳад шуд.

Раисӣ, ки аз нафарони наздик ба раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ дониста мешавад, баъди ба сабқат роҳ надодани чандин номзади пештоз, феълан чун номзади калидӣ ба бурдани курсии арёсатҷумҳурӣ арзёбӣ мешавад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG