Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико хостори таҳкими ҳамкориҳои низомӣ бо Чин шуд


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хостори таҳикими ҳамкориҳои низомӣ бо Чин шуд, то ба эътимоди дутарафа ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат кунад. Дар ин бора Том Данилон, мушовири амнияти миллии ҳукумати Амрико баъди мулоқоташ бо Фан Чанглонг генерали чинӣ ва як фармондеҳи олирутбаи чинӣ дар шаҳри Пекин сухан гуфт. Ӯ афзуд, ки ҳарду кишвар бояд дар арсаи нерӯҳои посдори сулҳ ва амалиётҳои наҷот зимни фалокатҳои эҳтимолӣ ҳамкорӣ кунанд. Том Данилон тайи ду рӯз дар мулоқотҳояш бо мақомоти чинӣ, барномаи дидори президентҳои Амрико ва Чинро таҳия кард, ки қарор аст, моҳи июн дар аёлати Калифорния сурат бигирад. Тақвияти қудрати низомии Чин ва қасди Амрико барои истиқрори нерӯҳояш дар манотиқи Осиёву Уқёнусия сабаби боло гирифтани шубҳаву гумон миёни ду тараф шудааст.
XS
SM
MD
LG