Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз "мудохила"-и Амрикову Фаронса интиқод кард


Алӣ Акбар Солеҳӣ
Алӣ Акбар Солеҳӣ
Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, Алӣ Акбар Солеҳӣ-вазири корҳои хориҷаи Эрон аз Амрикову Фаронса барои тафсирҳояшон роҷеъ ба тафтиши номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ интиқод кардааст. Интихобот 14 июн баргузор мешавад.

Дар тавзеҳоте, ки рӯзи якшанбе ба нашр расидааст, Солеҳӣ мегӯяд, ки мақомоти расмии ғарбӣ набояд “бидуни асос” масъаларо ин гуна тафсир кунанд, зеро чунин тафсирҳо мудохила дар умури дохилии Эронро афзоиш медиҳад.

21 май Шӯрои Нигаҳбон аз 686 номзади пешбаришуда танҳо 8 нафари онҳоро барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иҷоза дод. Раиси ҷумҳури оянда дар ин мақом Маҳмуди Аҳмадинежодро иваз хоҳад кард, зеро Аҳмадинежод ду давраи раёсати худро ба поён мебарад ва дигар ҳақи ширкат дар интихоботро надорад.
XS
SM
MD
LG