Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза Душанберо таккон дод


Имрӯз, соати 11:08 дар шаҳри Душанбе заминҷунбӣ ба амал омад. Тавре аз Хадамоти мониторинги зилзиласанҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар доданд, шиддати заминларза дар Душанбе 4 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст. Маркази зилзила дар 189-километрии шимолуғарби Душанбе, дар марзи Тоҷикистону Узбакистон гуфта мешавад. Шиддати зилзила дар марказаш то 7 бал будааст. Ин дувумин зилзила дар минтақа дар ду рӯзи охир аст.
Идораи геологии Амрико мегӯяд, шиддати заминларза дар марказаш - наздикии шаҳри Булунғур, воқеъ дар вилояти Самарқанд - 6 балл буд. Аммо дар бораи кадом хисороти молӣ ё ҷонии ин офати табиӣ гузориш нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, Ёқуб Муродқулов, сардори истгоҳи зилзиласанҷии шаҳри Панҷакент ба Озодӣ гуфт, шиддати заминларза дар шаҳри Панҷакент 5, 5 балл ва дар маркази заминларза, дар байни Самарқанду Панҷакент 6,5 -7 балл будааст. Ёқуб Муродқулов гуфт, як сокини Панҷакент аз кафидани девори хонааш дар натиҷаи зилзила хабар додааст.
Дирӯз низ дар ҳудуди вилояти Суғд заминларза сабт шуда буд. Маркази зилзила 74- километрии шарқи Тошканд, пойтахти Узбакистон буда, шиддаташ 5,5 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG