Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ба Парвиз Мушарраф пардохти васиқа пешниҳод кард


Парвиз Мушарраф
Парвиз Мушарраф
Як додгоҳи Покистон ба Парвиз Мушарраф-раҳбари пешини ин кишвар пешниҳод кардааст, ки дар робита бо куштори Беназир Бҳутто-нахуствазири пешини Покистон васиқа пардохт кунад.

Салмон Сафдар-вакили мудофеи Мушарраф рӯзи душанбе гуфт, додгоҳи зиддитерроризми шаҳри Равалпиндӣ ба Мушарраф дастур додааст, ки 20 ҳазор доллар васиқа пардохт кунад.

Парвиз Мушаррафро барои он муттаҳам кардаанд, ки натавонистааст амнияти заруриро барои Беназир Бҳутто таъмин кунад. Дар ҷараёни маъракаи интихоботи порламонии моҳи декабри соли 2007 Беназир Бҳутто террор шуд.

Мушарраф ин иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, ки иттиҳомот ангезаи сиёсӣ дорад. Бо вуҷуди пардохти васиқа Мушарраф бо ду моддаи дигари алоҳида дар ҳабси хонагӣ боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG