Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Тоҷиккристал» ба Зайд Саидов иртибот надорад


Муовини раиси ширкати "Тоҷиккристал" хабари нашрияҳои маҳаллӣ дар мавриди тааалуқ доштани ин ширкат ба соҳибкор Зайд Саидовро рад кард. Исломиддин Назаров, муовини раиси ширкати «Тоҷиккристал» рӯзи 20-уми май ба "Озодӣ" гуфт, ки ҳафтаи гузашта дар саҳифаи нашриҳои маҳаллӣ аз ҷумла «Нигоҳ», «Фараж» ва бархе дигар аз ҳафтаномаҳо дар мавриди ширкатҳои мутаалиқ ба соҳибкор Зайд Саидов мақолаҳо ба нашр расид ва аз ҷумла навишта шудааст, ки гӯё ширкати «Тоҷиккристал» ба ӯ тааалуқ қорад. Ҷаноби Назаров гуфт, ки тайи як ҳафтаи ахир аз идораҳои дахлдор ба ӯ занг мезананд ва дар ин маврид мепурсанд. Вай мегӯяд, ширкати онҳо ба ҳеҷ сурат ба соҳибкори тоҷик Зайд Саидов иртибот надорад ва комилан як ширкати мустақил аст. Ин гуфтаро манбаҳои Озодӣ дар ҳукумат низ тасдиқ карданд. Гуфта мешавад, ки ба Баҳром Абдураҳмонов, фарзанди мушовири собиқи раисҷуҳмур - Барот Абдураҳмонов аз моликони "Тоҷиккристал" будааст.
Ширкати «Тоҷиккристал» соли 2002 таъсис ёфта бо харидани маводи хоми нуқраву тилло, дастмонаву занҷирҳо ва ангуштариву дигар ҷавоҳирот истеҳсол намуда дар дӯконҳои худ ба фурӯш мегузорад. Дар ин ширкат тақрибан 30 нафар ба фаъолият машғул ҳастанд.
XS
SM
MD
LG