Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико сержанти қотил ба ҳабси абад маҳкум шуд


Сержант Ҷон Рассел
Сержант Ҷон Рассел
Як сарбози амрикоӣ, ки моҳи маи соли 2009 дар Ироқ 5 нафар ҳамхидматони худро ба қатл расонда буд, ба ҳабси абад маҳкум шуд. Додгоҳи низомӣ дар Вашингтон ҳукми худро рӯзи панҷшанбе дар бемористони бемориҳои рӯҳӣ ба сержант Ҷон Рассел супурд. Вай 3 сарбоз ва 2 афсари хадамоти тиббиро ба қатл расондааст.

Ин куштор замоне рух додааст, ки Рассел бори севвум барои хидмат ба Ироқ рафта буд ва бояд ба бозгашт омодагӣ мегирифт.

Ин куштор дар давоми хидмати низомиёни Амрико дар Ироқ назир надошт ва масъаларо матраҳ кард, ки шояд дар миёни низомиёне, ки дар Ироқ хидмати аскарӣ кардаанд, афроди гирифтори бемориҳои равонӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG