Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду сарбози хориҷӣ дар шаҳри Кобул кушта шуданд


Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) мегӯянд, ки дар бомбгузории интиҳории шаҳри Кобул дар рӯзи панҷшанбе ду сарбоз ва чаҳор корманди қарордодии худро талаф доданд. Бар асоси баёнияи расмӣ, ки рӯзи панҷшанбе нашр карданд, омадааст, бомбгузори маргталаб ду мошини нерӯҳои хориҷиро ҳадаф гирифт. Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштӣ ва пулиси Афғонистон дар ин ҳамлаи шаш ғайринизомӣ, аз ҷумла ду кӯдак ҳам кушта шудаанд. Масъулияти ин ҳамларо Ҳизби Исломии Гулбиддин Ҳикматёр бар дӯш гирифт, ки аз созмони ифротгарои исломист. Моҳи марти ҳамин сол низ зимни сафари Чак Ҳагел вазири дифоъи Амрико ба Кобул, як бомбгузори маргталаб, нӯҳ нафарро дар назди вазорати дифоъи Афғонистон кушт.
XS
SM
MD
LG