Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлае дар Кобул 6 нафар кушта шуданд


Маъмурони пулиси Афғонистон мегӯянд, бар асари ҳамлаи як бомбгузори маргталаб дар шаҳри Кобул 6 ғайринизомӣ кушта ва дасти кам 35 тани дигар захмӣ шуданд. Ба гуфтаи пулис, бомбгузори маргталаб, ду мошини нерӯҳои хориҷиро ҳадаф гирифтааст, вале ҳоло маълум нест, касе аз онҳо осеб дидааст, ё на. Муҳаммад Аюб Солангӣ, сардори раёсати пулиси Кобул, гуфт, ки бар асари таркиши қавӣ чандин хонаи атроф осеб дидаанд. Муҳаммад Зоҳир, афсари дигари пулис дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳадафи интиҳорикунанда, зоҳиран яке аз сарои қувватои хориҷӣ буда, аммо муттаасифона дар ин ҳодиса бештарин талафот ба атфол расид.“ Квентон Роерихт, сухангӯи Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон таъйид кард, ки таркиш дар назди мошинҳои нерӯҳои хориҷӣ ба вуқӯъ пайвастааст, аммо ҷузъиёте надод. Ҳизби Исломӣ ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр, масъулияти ин ҳамлаи интиҳориро бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG