Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як "ҳамла"-и Рогозин ба қатораҳои Тоҷикистон


Дмитрий Рогозин, муовини нахуствазири Русия бори дигар қатораҳои Тоҷикистонро мавриди «ҳамла» қарор дод. Ӯ рӯзи 15-уми май дар гуфтугӯ бо хабаргузориҳои ин кишвар, аз дарёфти миқдори бузурги ҳероин дар яке аз қатораҳои Тоҷикистон хабар додааст. Муовини нахуствазири Русия гуфтааст, ки ин қазия ангезаи сиёсӣ надошта ва нишондиҳандаи он аст, ки интиқоди қаблии мақомоти кишвараш аз қатораҳои Тоҷикистон, ки чанде қабл сурат гирифта буд, дуруст мебошанд. Дар ҳамин ҳол мақомоти Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар робитаи ба ин иддаои мақоми русӣ, посух надоданд.

Дмитрий Рогозин, ки раиси Комиссияи давлатии сарҳадии Русия низ ҳаст, рӯзи 23-юми апрели соли равон ҳам гуфта буд, қатораҳое, ки аз кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба самти Русия меоянд, дар истгоҳи марзии роҳи оҳани Қазоқистон бо вагонҳои Русия иваз мешаванд. Дмитрий Рогозин гуфта буд, ки ҳоло гуруҳи кории махсус ба омӯзиши масъалаи ворид нашудани вагонҳои ин кишварҳо ба қаламрави Русия машғул мебошад. Ба гуфтаи ҷаноби Рогозин, дар зарфи як моҳ гуруҳи корӣ пешинҳоди худро омода намуда, ба ҳукумати Русия ироа менамояд.

Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ шуд, ки Геннадий Онишенко, сардухтури санитарии Русия дар миёнаҳои моҳи апрел пас аз шиносоӣ бо хадамоти марзбонӣ ва гумрукии истгоҳи Аксарайскии вилояти Астрахан, аз вазъи бади санитарии тарабхонаҳои қатораҳо интиқод карда буд. Ба эътиқоди Сардухтури санитарии Русия, ин қатораҳо аз оддитари шароити беҳдошти бархӯрдор набудаанд.Ба дунбол дар як нишасти Хадамоти марзбонии Русия тасмим гирифта шуд, ки барои тафтиши қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон ба самти Русия, дар марз бо Қазоқистон посгоҳҳои нав бунёд кунанд.
XS
SM
MD
LG