Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафсанҷонӣ дигарбора ба интихобот меравад


Дар Эрон мӯҳлати сабти номи довталабони ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба поён расид. Дар миёни 360 нафаре, ки худро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур сабти ном кардаанд, Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳури пешин ва Саид Ҷалилӣ музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон низ ҳастанд. Рафсанҷониро, ки саркӯби бераҳмонаи тазоҳуроти баъди интихоботи ҷанҷолбарангези соли 2009 интиқод карда буд, доираҳои муҳофизакори Ҷумҳурии Исломӣ хуш надоранд. Саид Ҷалилӣ аз соли 2007 то кунун дабири Шӯрои Олии Амнияти Миллии Эрон аст ва аз афроди наздик ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, маҳсуб мешавад. Қарор аст, то 10 рӯзи дигар Шӯрои Нигаҳбон, як ниҳоди тобеъи Хоманаӣ феҳрасти ниҳоии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Эронро тасвиб кунад. Интихобот рӯзи 14 июн баргузор мешавад ва Муҳаммад Ризо Ориф, муовини собиқи раиси ҷумҳур, Ғулом Алӣ Ҳаддоди Одил, раиси пешини порлумон ва Довуд Аҳмадинажод, бародари раиси ҷумҳури феълӣ Маҳмуди Аҳмадинажод аз довталабони дигари ширкат дар интихобот ҳастанд.
XS
SM
MD
LG