Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия нерӯҳои Сурия ба бобмгузорӣ муттаҳам кард


Ҳукумати Туркия нерӯҳои давлатии Сурияро ба бомбгузориҳои хунин дар як шаҳри марзии ин кишвар муттаҳам кард. Рӯзи шанбе бар асари инфиҷори ду мошини бомбгузоришуда дар шаҳри Райҳонлӣ дар наздикии марзи Сурия 40 нафар кушта ва 100 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Булент Аринч, муовини нахуствазири Сурия гуфт, нерӯҳои вафодор ба Башор Асад “муттаҳамони маъмулӣ” ба ин ҳамла ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Туркия баъди такмили таҳқиқ дар ин замина, дар мавриди иқдомоти баъдӣ тасмим хоҳад гирифт. Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия гуфт, кишвараш “барои муҳофизати худ ҳама тадобири заруриро хоҳад андешид.” Бино ба гузоришҳо бар асари таркишҳо дар назди идораи ҳукумат ва почтаи шаҳри Райҳонлӣ чанд шаҳрванди Сурия ҳам ҷон додаанд. Баъди шурӯъи қиёмҳои мардумӣ дар Сурия дар соли 2011 бештар аз 300 ҳазор нафар аз он кишвар гурехта дар Туркия паноҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG