Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Симпозиуми Шашмақом дар Душанбе шурӯъ шуд


Дар шаҳри Душанбе имрӯз симпозиуми байналмилалии Шашмақом, як жанри классикии мусиқии тоҷикӣ шурӯъ шуд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар додааст, ки дар оғози кори симпозиум дар толори Театри опера ва балет Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳузур доштааст. Симпозиумро бо консерти бошукӯҳе устодон ва ҷавонони шашмақомхон оғоз бахшидаанд. Сар аз соли 2000-ум дар Тоҷикистон, бар асоси фармони махсусе дар мавсими баҳор, Рӯзи Шашмақом таҷлил мешавад, ки ин санъати мусиқии бостонӣ аз тарафи ЮНЕСКО, Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал ба феҳристи шоҳкориҳои шифоҳӣ ва мероси фарҳангии ҷаҳонӣ шомил карда шудааст. Шашмақом аз қадим дар Осиёи Марказӣ маҳбубият дошта ва ҳоло умдатан дар Тоҷикистону Узбакистон ҳаводори бештар дорад.
XS
SM
MD
LG