Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи даъват ба артиш 99 фоиз иҷро шудааст


Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъват ба артиш 98, 64 дар сад иҷро шудааст. Фаридун Маҳмадалиев, сӯхангӯи ин вазорат рӯзи 10 май ба Озодӣ гуфт, бо он ки то поёни маъракаи даъват ба хизмат дар Артиш беш аз 20 рӯзи дигар боқӣ мондааст, аксарияти кулли манотиқ нақшаро алакай иҷро кардаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадалиев, нақшаи даъват дар вилоятҳои Бадахшону Хатлон 100 дарсад, дар шаҳри Душанбе 99 ва дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи марказ 97 дарсад иҷро шудааст. Ин мақоми вазорати дифоъ афзуд, аз 63 ноҳияи Тоҷикистон 53-яш нақшаро иҷро кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни даъвати баҳорӣ мавориди аз тариқи «облава» ҷалб шудани ҷавонон бештар мушоҳида шуда, сару садои зиёде ба бор овард.
Синну соли даъватӣ дар Тоҷикистон аз 18 то 27- солагӣ муқаррар шудааст ва ҷамъи ҷавонони ин сину сол то 600 ҳазор баршумурда мешавад. Аммо дар ҳар даъват танҳо 15 — 16 ҳазор нафар ба хидмати низомӣ сафарбар мешаванд.
XS
SM
MD
LG