Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи муштариёни мухобироти мобилӣ афзоиш меёбад


СММ мегӯяд, истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳамоно рӯ ба афзоиш буда, агар вазъ бидуни тағйир монад, то охири соли 2013-ум шумораи муштариёни телефонҳои бесим нисбат ба саршумори аҳолии олам бештар хоҳад шуд.

Иттиҳодияи мухобироти байналмилалии СММ мегӯяд, дар ҳоле, ки аҳолии олам ба 7 миллиарду 100 миллион нафар баробар шудааст, феълан дар саросари олам 6 миллиарду 800 миллион рақами телефони мобил мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар ин гузориш хотирнишон шудааст, ки соли 2005-ум саршумори аҳолии олам ба 6,5 миллиард ва шумораи муштариёни рақамҳои телефони мобилӣ ба 2,2 миллиард баробар буд.

Муаллифони гузориш таъкид кардаанд, ки ба ҳисоби миёна дар ҷамоҳири собиқ шӯравӣ ба як инсон 1,7 рақами телефони мобил рост меояд, вале дар айни замон ҳамагӣ 46 дар сади муштариён аз хадамоти смартфон ё худ телефонҳои ҳушманди дорои интернети сареъ истифода мебаранд.

СММ иброз доштааст, ки ҳозир 40 дар сади аҳли олам ба интернет пайваст будааст.
XS
SM
MD
LG