Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оши сулҳ дар "Ошхонаи ҷанг"


Як тарабхона дар Питтсбурги Амрико мехоҳад бо пешниҳоди таомҳои миллӣ аз кишварҳое, чун Эрону Афғонистон ё Кубаву Венесуэла нигоҳи дар ҳоли ҳозир моломолу тарсу нобоварии амрикоиҳо нисбат ба ин кишварҳоро тағйир диҳад.


Ошхонаи Conflict Kitchen, ки Ҷон Рубин ва Даун Велескӣ соли 2010 дар аёлати Пенсилвания сохтаанд, ба муштариёнаш танҳо ғизои миллии кишварҳоеро пешниҳод мекунад, ки бо Амрико дар ҳоли низоъ қарор доранд.















Ҷон Рубин ,мегӯяд, дар Амрико Эронро, барои мисол, бештар бо барномаи ҳастаияш мешиносанд, то ба фисинҷон – як таоми миллии эронӣ, ки аз гӯшти мурғу анор ва чормағз таҳия мешавад. Рубин, ки профессори Донишгоҳи Карнегӣ Меллони Питтсбург ҳам ҳаст, мегӯяд, ҳадафи онҳо аз як сӯ, бойтар кардани бозори таомҳои миллии шаҳр ва аз тарафи дигар, тағйир додани нигоҳи манфии амрикоиҳо нисбат ба кишварҳоест, ки нисбат ба онҳо эҳсоси тарс ё нобоварӣ доранд: “Муаррифии кишварҳо аз тариғи фарҳангу таомашон ҳамеша ҷолибтарин роҳи омӯхтани ин ё он макон аст.”

Аммо Conflict Kitchen танҳо ҷои ғизохӯрӣ нест. Мардум дар ин ошхона ҳамроҳ мешинанд, сӯҳбату баҳс мекунанд, аз донистаҳои худ дар бораи фарҳанги кишварҳои ҷанҷолбарангезе мегӯянд, ки аз сӯи сиёсатмадорон ва матбуот ҳамеша бо рангҳои тира тасвир мешаванд. Ахиран аҳли тарабонаи Conflict Kitchen-ро тавассути Skype бо гурӯҳе дар Теҳрон – пойтахти Эрон – пайвастанд. Барои ҳарду ҷониби сӯҳбат дастурхони ҳамсону мизи ҳамсон андохта буданд. Ва ин ҳама дар экран бо ҳам чунон боназокат васл шуда буд, ки ноогоҳона фикр мекардед, ки ҳарду ҷамъ дар як толор нишаставу “сӯҳбати дӯстон” мекунанд. Ба дунбол чунин дастурхонҳои муштарак бо Кобул, пойтахти Афғонистон, ва Каракас, пойтахти Венесуэла низ ороста шуд.

Conflict Kitchen дар як вақт рӯи як кишвар тамаркуз мекунад. Ҳар шаш моҳ таомномаи Conflict Kitchen ва ҳатто номи ин ресторан вобаста ба инки ғизои кадом кишварро интихоб мекунад, иваз мешаванд. Вақте таоми эронӣ мефурӯшанд, дар тоқи даромадгоҳи ресторан ба форсӣ менависанд, ки “Кӯбида китчен”. Вақте навбати таомҳои афғонӣ расид, ошхона ба “булонипазӣ” табдили ном мекунад. Кӯбида исми як ғизои маъмули эронӣ ва булонӣ ҳам ки исми шояд машҳуртарин таоми афғонист.

Муассисони ошхона мегӯянд, ки ҳоло мехоҳанд ғизоҳои Кореяи шимолиро низ ба таомномаи Conflict Kitchen ҳамроҳ кунанд, чунки ин кишвар низ бо таҳдидҳои ахири ҳастаияш хеле қаҳри Вошингтонро овардааст ва дар зеҳни бисёри амрикоиҳо чун як кишвари ҷанҷӯ муаррифӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG